Тамдиди вазъи изтирории миллӣ охирин мероси Обама аз иқдомоти хасмона алайҳи Эрон
Барак Обама, раисҷумҳури Амрико дар охирин рӯзҳои ҳузури худ дар Кохи Сафед дар номае ба Конгресси ин кишвар вазъи изтирории миллиро дар хусуси Эрон, Куба, Либия, Зимбабве, Венесуэла ва Украина тамдид кард.
Дар ҳоле, ки Эрон ба дунболи иҷрои му ба муи БАРҶОМ аст, сиёсатмадорони Амрико аъм аз ҷумҳурихоҳ ва ё демократ ба дунболи сахттар кардани шароит барои Эрон ҳастанд. Тамдиди вазъи изтирории миллии Амрико дар мавриди Эрон бо ҳамин рӯйкард аст. Обама дар номааш ба раиси Сенат ва раиси Маҷлиси намояндагони Амрико эълом кард, буҳронҳое, ки раванди сулҳи Ховари Миёнаро таҳдид мекард ва мунҷар ба эъломи вазъияти изтирории миллӣ дар 23 январи соли 1995 шуд, ҳануз бартараф нашудаанд. Маънои иҷроии ин нома он аст, ки таҳримҳо алайҳи Эрон ба ин баҳона тадовум меёбад.
Давлатмардони Амрико аз ибтидои пирӯзии инқилоби исломӣ ба ҳар баҳонае талош кардаанд, Эронро дар ҷойгоҳи як таҳдид нишон диҳанд .
Амрико дар тарҳи иддаосозӣ дар мавзуи ҳастаии Эрон низ талош кард, барномаи сулҳомези ҳастаии Эронро ғайримутаориф ва таҳдид барои амният нишон диҳад, аммо ин ҷараён бо имзои БАРҶОМ мутаваққиф шуд. Дар ҳоле, ки моҳияти аҳдофи Амрико ҳеч тағйире накарда ва фақат равишҳо ва сенарияҳо иваз шудааст. Акнун ин сенария дар қолаби нигаронӣ аз барномаи дифои мушакии Эрон ва ё бо иддаосозӣ мабнӣ бар ҳимояти Эрон аз гурӯҳҳои террористӣ дунбол мешавад .
Ин фазосозӣ дар ҳолест, ки агар нигоҳе ба корномаи рафторҳои Амрико зидди Эрон дар ним қарни гузашта шавад, хоҳем дид, ки Амрико ҳамвора таҳдиде алайҳи Эрон будааст.
Амрико дар ҳамаи ин солҳо чи қаблу чи баъд аз пирӯзии инқилоби исломӣ дар масири тақобул бо миллати Эрон гом бардоштааст ва фақат замоне ҳозир ба музокира дар мавзуи ҳастаӣ шуд, ки сиёсати таҳрим ва таҳдидро шикастхурда дид, ҳарчанд, ки Амрико мекушад, ки агар битавонад БАРҶОМ-ро низ комилан нақз кунад.
Ин таҳаррукот барои Эрон паёми хосе дорад, бадон маъно, ки душманиҳои Амрико ба шаклҳо ва дар қолабҳои мухталифу ҳатто дар қолаби ҷанги нарм идома дорад ва Амрико ба унвони душмани воқеии миллати Эрон аз ҳамаи роҳҳо истифода мекунад. Мухолифати Амрико бо пешрафтҳои илмии Эрон ва иттиҳомсозӣ алайҳи низоми ҷумҳурии исломӣ ва истиқрори пойгоҳҳои дарёӣ, заминӣ ва ҳавоӣ дар кишварҳои минтақа ва дар ҷавори марзҳои Эрон ва фурӯши таслеҳоти пешрафта ба ҳамсоягони араби Эрон дар ҳавзаи Халиҷи Форс ва ба чолиш кашондани Эрон дар ҳавзаи амният аз роҳбурдҳоест, ки дар дастури кори сиёсати хориҷии Амрико қарор гирифтааст .
Тамдиди қонун дар бораи Эрон ба Амрико ва муттаҳидони минтақаиаш фурсат медиҳад, то сафбандии воҳидӣ муқобили Эрон ташкил диҳанд. Дар чорчуби ҳамин стратегия аст, ки шоҳиди таҳаррукоти муштараки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Британия дар минтақаи Халиҷи Форс ва тақвияти низомии Исроил дар минтақа ҳастем. Роҳбурди Амрико дар ин замина танг кардани доираи таҳдидҳо перомуни Эрон аст .