Ҷоизаи меъмории қораӣ ба бонуи эронӣ расид
Порс-Тудей. Бонуи эронӣ рутбаи нахуст ва нишони тиллои “Ҷоизаи меъмории қораи Осиё А2”-ро дар бахши мараммату эҳё аз они худ кард.
Доварони мусобиқаи “Ҷоизаи меъмории қораи Осиё А2”, ки дар Дубайи Иморот баргузор шуд, нишони тилло дар бахши мараммату эҳёро ба Шимо Шойгон, ҳунарманди тарроҳу меъмори эронӣ барои тарроҳӣ ва иҷрои “Хонаи ROZAS” дар шаҳри Кошон, устони Исфаҳон, маркази Эрон эҳдо карданд.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, ин давра аз ҷоизаи меъмории қораи Осиё бо мавзӯи “Меъмории заминамеҳвари навоварона дар қораҳо” буд, ки бар меъморӣ бо заминасозии навоваронаву мутаносиб бо шароити фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва ҷуғрофиёӣ тамаркуз дорад.
“Ҷоизаи меъмории қораи Осиё А2” талоше барои шиносоӣ ва қадрдонӣ аз меъморонест, ки дар эҷоду тарроҳии сохтмонҳо ва шаҳрҳои Осиё, ки аз маконҳои фарҳангиву ҷуғрофиёии хоси онҳо сарчашма мегиранду дорои вижагиҳои мунтасаб ба он ҳастанд, мушорикат доштаанд.
Ин рӯйдод солона барои таҷлил аз дастовардҳои ҷаҳонӣ дар меъморӣ ва тарроҳии шаҳрӣ баргузор мешаваду шомили ҷавоиз, намоишгоҳҳо ва мунозираҳои ширкаткунандагон дар мавриди таъсироту равишҳои меъморӣ аст.