Сарлашкар Саломӣ: Эрон барои набардҳои бузург, мувоҷиҳаҳои сангин ва дарозмуддат омодааст
(last modified Sun, 12 Jan 2025 13:33:06 GMT )
Январ 12, 2025 18:33 Asia/Dushanbe
  • Сарлашкар Саломӣ: Эрон барои набардҳои бузург, мувоҷиҳаҳои сангин ва дарозмуддат омодааст

Порс тудей - Ба гуфтаи фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ, неруҳои мусаллаҳи Эрон солҳост, ки барои набардҳои бузург, пайкорҳои пурҳаҷму мувоҷиҳаҳои сангин ва ҳатто дарозмуддат бо орояҳо(оростан)-и ба ҳам пайвастаи қудратҳои ба зоҳир бузург, омода ҳастанд.

Сардор сарлашкар Ҳусайни Саломӣ дар ҷамъи коркунони мушакии неруи ҳаво-фазоӣ сипоҳ гуфт: Душман бояд ба ин воқеият огоҳ бошад, ки иродаи сиёсӣ дар низоми Ҷумҳурии исломӣ барои мувоҷиҳа бо зиёдаталабиҳо, султахоҳиҳо ва таҷовузоти душман, иродае қотеъ, ҷорӣ ва бенақс аст.

Ба гузориши Порс тудей, сардор Саломӣ бо таъкид бар инки миллати Эрон, бо дастҳои пур дар муқобили душман истодааст афзуд: “Мо ҳаргиз барои дифо аз истиқлол, ҳувият, эътибору иқтидорамон ба ҳеҷ қудрате берун аз марзҳои низоми муттакӣ набудаем. Асосан дифо аз кишварро бар асоси амали дигарон танзим накардаем. Худ иттикои асли докторини мо ҳам дар сатҳи роҳбурд ва ҳам дар сатҳи амалиёт ва ҳам дар сатҳи тактик аст”.

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорон ҳамчунин бо баёни инки амалиётҳои “Ваъдаи содиқ 1 ва 2” ҷузъи кӯчаке аз намоиши азимати миллати Эрон аст, хотирнишон кард, ки мӯшакҳои Эрон ҳаррӯз ҳам дар каммияту кайфият ва ҳам дар маҳорату тарроҳӣ ба рӯз ва дар ҳоли афзоиш аст.