Дурахшиши тими Донишгоҳи Теҳрон дар ҷашнвораи байналмилалии тарроҳии боғ
Порс тудей - Тими тарроҳони риштаи муҳандисии фазои сабзи Донишгоҳи Теҳрон, муваффақ ба касби рутбаи бартар дар 34-умин давраи ҷашнвораи байналмилалии тарроҳии боғ дар кишвари Фаронса шуд.
Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз ИРНА, дар ҷашнвораи байналмилалии “Chaumont - sur – Loire”-и Фаронса, тарҳи ироа шуда аз сӯи Маҳдии Хонсафед, узви ҳайати илмии Донишгоҳи Теҳрон ва Меҳрдоди Шоҳӣ, Ситоиши Занди Бобоӣ ва Заҳрои Аминифард, донишҷӯёни коршиносии аршади риштаи муҳандисии фазои сабзи донишкадаи кишоварзии Донишгоҳи Теҳрон, бо муъосирсозӣ ва баҳрагирӣ аз мафоҳими ғании адабиёту фарҳанги Эрону аносури боғҳои таърихии Эрон, муваффақ ба ҷалби назари ҳайати доварону касби унвон бартар шуд.
Ҷашнвораи байналмилалии тарроҳии боғи Шомон-сюр-Луари Фаронса, яке аз муътабартарин рӯйдодҳои ҷаҳонӣ дар заминаи тарроҳии боғ ва манзара аст, ки аз соли 1992 баргузор мешавад ва ҳар сола пазироӣ беш аз панҷсаду панҷоҳ ҳазор боздидкунанда аст.
Ин ҷашнвора ба фазое барои тарҳи иддеаҳо ва ҳам заминае барои парвариши истеъдодҳо табдил шуда ва ба ин шакл ҳунари боғсозиро эҳё мекунад. Танаввуъ, халлоқияту кайфияти пружаҳо ба эҷоди шӯҳрати ҷаҳонии ҷашнвора кумак карда, ки ба як рӯйдоди зарурӣ барои ироаи осори насли ҷадиди манозир табдил шавад.
Парки 10 гектории Pars de Guadeloupe, ки дар соли 2012 эҷод шуд, мизбони боғҳои чандсолаи муртабит бо тамаддунҳои бузурги боғ аст.