Август 02, 2016 19:19 Asia/Dushanbe
  • Барномарезӣ барои афзоиши содироти гази Эрон

Бо такмили фазаҳои 18, 19, 20 ва 22 -юми "Порси ҷанубӣ" то поёни соли 1395-и шамсӣ, 140 миллион метри муккааби дигар ба зарфияти газии Эрон изофа хоҳад шуд.

Майдони газии "Порси ҷанубӣ" дар Халиҷи Форс, дар обҳои сарзамини Эрон ва Қатар бузургтарин майдони газии ҷаҳон аст.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи душанбе дар ҳамоиши 50-умин солгарди таъсиси Ширкати миллии гази Эрон  бо баёни ин ки тавсеаи фазаҳои "Порси ҷанубӣ" то соли оянда ба поён хоҳад расид, гуфт, акнун акнун беш аз 50 дарсади гази Эрон аз "Порси ҷанубӣ" таъмин мешавад, дар ҳоле ки соли 2012 танҳо 38,7  дарсад аз манобеи газии ин кишвар аз ин майдон таъмин мешуд.

Бежан Номдори Зангана, вазири нафти Эрон ҳам дар ин ҳамоиш аз барномарезӣ барои содироти 200 миллион метри мукааб газ хабар дод. Номдори Зангана бо ишора ба барномаҳои содироти гази Эрон гуфт, содироти газ рӯзона ба мизони 200 миллион метри муккааб бо хати лӯла ба кишварҳои ҳамсоя ва тарҳи "Эрон LNJ" (гази моеъ) мавриди таваҷҷуҳ қарор дорад. Ба гуфтаи вазири нафти Эрон, бо такмили фазаҳои "Порси ҷанубӣ" дар давлати ёздаҳум, дар маҷмӯъ, 300 миллион метри муккааб дар рӯз ба зарфияти тавлиди гази кишвар афзуда мешавад.

Зангана бо ишора ба тавсеаи санъати газ пас аз пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон афзуд, дар соли 1987 ҳудуди 2.5 миллиард метри муккааб газ дар Эрон масраф мешуд, ки дар соли 2013 ба 145 миллиард метри муккааб афзоиш ёфт ва дар соли 2017 ба 284 миллиард метри муккааб афзоиш меёбад. Вай афзуд, то соли 2017 ҳудуди  95 дарсади ҷамъияти Эрон таҳти пӯшиши газрасонӣ қарор мегирад.

БАРҶОМ бо истинод ба он чӣ, ки аз соли гузашта то кунун дар равобити хориҷии Эрон рух додааст, таъсиргузор аст, гоме барои вуруди қавитари Эрон дар арсаи байналмилал аст.

Кишварҳои ғарбӣ, бавижа муттаҳидони Амрико, ки аз ноҳияи таҳримҳои эъмолшуда зидди Эрон зарари иқтисодии зиёде диданд, аз ҷумлаи касоне буданд, ки аз фурсатҳои эҷодкардаи БАРҶОМ баҳраманд шуданд.

Бахшҳои нафту гази Эрон аз ҷумлаи бахшҳое ҳастанд, ки муштариёни зиёде дорад ва табодули ҳайатҳои тиҷорию иқтисодӣ байни Эрону кишварҳои минтақа навиддиҳандаи афзоиши арзиши муомилоти тиҷории дуҷониба дар солҳои пеши рӯ аст. Зимни ин ки бозори ҷаҳонии газ ба суръат дар ҳоли таҳаввул аст, бозигарони ҷаҳонӣ ба суръат дар ҳоли зуҳур ҳастанд ва ба гуфтаи аксари коршиносон, Эрон бозигари билқувваи бузург дар бозори ҷаҳонии газ ба шумор меравад.

Имрӯз газ 30 дарсади кулли энержии масрафӣ дар ҷаҳонро ташкил медиҳад ва ин рақам то соли 2025  30 дарсади дигар афзоиш хоҳад ёфт, ки ба 60 дарсад мерасад.

Эрон, ки ҳамакнун ҳудуди шаш триллион фут/мукааб газ тавлид мекунад, ин мизон то соли 2030 ба 10 триллион фут/мукааб хоҳад расид. Бо вуҷуди таҳримҳои  Ғарб рушди тавлиди гази табии Эрон ҳамчунон идома дорад ва фазаҳои бештаре аз бузургтарин майдони гази табии кишвар, яъне "Порси ҷанубӣ" ба баҳрабардорӣ мерасад.

Даар ин ҳол, Эрон танҳо як дарсади тиҷорати гази ҷаҳонро ба худ ихтисос додааст ва тақрибан 90 дарсади гази содиротиашро ба Туркия мефурӯшад, аммо сохти зерсохтҳои азими газии кишвар ба ин маъно аст, ки Эрон метавонад ба Ҳинд, Покистон, Кувайт ва Иморот низ газ содир кунад.

Агарчи бархе коршиносон ва масъулони Вазорати нафт ба дунболи содирот аз тариқи гази моеъ ҳастанд, аммо ҳанӯз ҳам хати лӯлаӣ муҳимтарин системаи интиқол ва содироти газ аст ва дар ин росто бояд тамаркуз рӯи Аврупо бошад.

Барчасп