Аз силиҳои Эрон ба Амрико то афзоиши ихтилоф байни Брюссел ва Вашингтон
(last modified Sun, 02 Mar 2025 10:41:56 GMT )
Март 02, 2025 15:41 Asia/Dushanbe
  • Аз силиҳои Эрон ба Амрико то афзоиши ихтилоф байни Брюссел ва Вашингтон

Порс тудей - Раҳбарони Африқои Ҷанубӣ, Малайзия ва Коломбия ахиран дар мақолае муштарак дар як маҷалла эълом карданд, ки аз ҳузури киштиҳои ҳомили силоҳ барои Исроил дар банодири худ ҷилавгирӣ хоҳанд кард.

Ҳаракати неруи дарёии Сипоҳи посдорон дар масири иқтидор, ташдиди даргириҳо дар Судон, мухолифати Африқои Ҷанубӣ, Малайзия ва Коломбия бо ҳузури киштиҳои ҳомили силоҳ барои Исроил дар банодири худу афзоиши ихтилоф байни Аврупо ва Амрико пас аз музокираи Трамп ва Зеленский гузидае аз охирин ахбори Эрон ва ҷаҳон аст, ки дар ин бастаи хабарӣ аз Порс Тудей мехонед:

Дарёдор Тангсирӣ: Силиҳои хубе ба Амрико задаем

Ба гуфтаи фармондеҳи неруи дарёи Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ, ин неру бо иттико ба зарфиятҳои донишбунён ва тавони мутахассисони дохилӣ, имрӯз ба марҳалае аз қудрат расидааст, ки дар баробари ҳар гуна таҳдид, посухе қотеъ ва кубанда хоҳад дод. Сардор Алиризо Тангсирӣ, фармондеҳи неруи дарёии Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ шанбешаб дар бораи нақши неруи дарёии сипоҳ дар таъмин амнияти минтақа, таъкид кард: Мо имрӯз дигар вобаста ба ҳеҷ қудрати хориҷӣ нестем ва бо такя бар донишбунёнҳо, неруи дарёии сипоҳ дар масири иқтидори гом бармедорад. Сардор Тангсирӣ бо баёни инки Ҷумҳурии Исломии Эрон тайи солиёни ахир силиҳои хубе ба Амрико ва муттаҳидонаш задааст, афзуд, дастгирии 10 малавони англисии мутаҷовиз ба обҳои Эрону бозпасгирии нафткашҳои эронӣ аз ҷанбаҳои қудратофарину ғурурофарини миллати Эрон аст.

Мухолифати Африқои Ҷанубӣ, Малайзия ва Кулумбия бо ҳузури киштиҳои ҳомили силоҳ барои Исроил дар банодири худ

Раҳбарони Африқои Ҷанубӣ, Малайзия ва Коломбия ахиран дар мақолае муштарак дар як маҷалла эълом карданд, ки аз ҳузури киштиҳои ҳомили силоҳ барои Исроил дар банодири худ ҷилавгирӣ хоҳанд кард. Сирил Рамафоса, раисиҷумҳури Африқои Ҷанубӣ,  Анвар Иброҳим, нахуствазири Малайзия ва Густаво Петро, раиси ҷумҳури Кулумбия дар мақолае дар маҷаллаи Форин полиси, хоҳони поёни масӯнияти режими саҳюнистӣ дар нақзи қавонини байналмилалӣ шуданд.

Амрико бо фуруши 4 миллиарддоллар таслеҳоти дигар ба Исроил мувофиқат кард

Марко Рубио, вазири хориҷаи Амрико эълом кард, тавофуқномае барои тасреъ дар ирсоли кумакҳои низомӣ ба Исроил ба арзиши ҳудӯди 4 миллиарддоллар имзо шудааст. Аз замони рӯи кор омадани давлати Трамп, Амрико бо фуруши таслеҳот ба Исроил ба арзиши 12 миллиард доллар мувофиқат кардааст.

Афзоиши ихтилоф байни Аврупо ва Амрико пас аз музокираи Трамп ва Зеленский

Ҳудӯди понздаҳ нафар аз раҳбарони аврупоӣ қарор аст, имрӯз якшанбе дар нишасте дар Лондон, ки интизор меравад раисиҷумҳури Украина низ дар он ҳузур дошта бошад, барои “ пешбурд”-и иқдомоти худ дар мавриди Украина дидор кунанд.

 Кая Каллас, раиси дастгоҳи дипломасии Иттиҳодияи Аврупо пештар эълом кард, “ҷаҳони озод ба раҳбарии ҷадид ниёз дорад”. Ба гузориши хабаргузории Фаронса, пас аз музокираи пуртаниши Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико ва ва Владимир Зеленский, ҳамтои украинии вай дар Кохи Сафед, бештари сарони аврупоӣ аз Украина ҳимоят карданд. Иқдоме, ки нишондиҳандаи афзоиши ихтилоф байни Аврупо ва Амрико аст.

Ташдиди даргириҳо дар Судон

Манобеи маҳаллӣ гузориш доданд, ки артиши Судон бомдоди имрӯз пас аз ташдиди даргириҳо дар атрофи Кохи раёсатҷумҳурӣ дар Хартум, бо тӯпхонаи сангин мавозеъи неруҳои ҳимояти сареъ дар минтақаи шарқи Нил ва шимоли шаҳри Ал Абязро ҳадаф қарор дод.