Ду варзишкори эронӣ беҳтарин сондокори соли 2024-и ҷаҳон шуданд
Март 07, 2025 22:23 Asia/Dushanbe
-
Рост: Амирҳисоми Муҳаммадӣ, чап: Заҳро Киёнӣ
Порс-Тудей. Намояндагони вушуи Эрон ба унвони беҳтаринҳои ҷаҳон дар соли 2024 интихоб шуданд.
Тибқи барномаи солона, дар поёни соли мелодии 2024 Федератсияи ҷаҳонии вушу иқдом ба муаррифии номзадҳои беҳтарини вушукори соли ҷаҳон кард.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, пас аз баррасии иттилооти номзадҳо тавассути кумитаи варзишкорон (IWUF) 2 намоянда аз Эрон дар феҳристи ниҳоии марҳалаи раъйгирии онлайни мардумӣ дар бахши беҳтарин толукори зан ва ситораи ояндаи сондо қарор гирифтанд.
Дар ниҳоят пас аз гузашти як моҳ аз эъломи номзадҳо ва дар поёни фароянди раъйгирӣ Заҳро Киёнӣ ва Амирҳисоми Муҳаммадӣ, 2 вушукори Эрон ба унвони бартаринҳои соли вушуи ҷаҳон интихоб шуданд.
Барчасп