Як иддаои таъйиднашуда; Трамп: ба раҳбари Эрон нома навиштам
(last modified Sun, 09 Mar 2025 05:01:53 GMT )
Март 09, 2025 10:01 Asia/Dushanbe
  • дидори нахуствазири фақиди Япония бо Раҳбари Инқилоб  соли 2019
    дидори нахуствазири фақиди Япония бо Раҳбари Инқилоб соли 2019

Порстудей-Доналд Трамп-раисҷумҳури Амрико дар мусоҳибае бо Фокс безинс эълом кард, ки номае ба раҳбари олии Эрон ирсол кардааст.

Трамп муддаӣ шуд, ки тамоюл ба гуфтугӯ дар бораи барномаи ҳастаии Эрон дорад. Аммо дар айни ҳол бори дигар иддаоҳои гузаштаи худ дар бораи дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаиро такрор кард.

Ин дувумин бор аст, ки Трамп барои ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ номае ирсол мекунад.

 Нахустин номаи ӯ дар 23 хурдодмоҳи 1398 ва тавассути Шинзи Оба-нахуствазири фақиди Ҷопон ба Теҳрон расид. Номае, ки вокуниши ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар бораи он бозтоби густурдаи ҷаҳонӣ ёфт.

  «Ман шахси Трампро шоистаи мубодилаи ҳеҷ паёме намедонам ва ҳеҷ посухе ҳам ба ӯ надорам ва нахоҳам дод.»

 Намояндагии Эрон дар Созмони Милал дар бораи иддаои Доналд Трамп дар бораи ирсоли нома ба Эрон эълом кард: То кунун чунин номае дарёфт накардаем.