Музокираи ғайрмустақими Теҳрон-Вашингтон; Озмуни санҷиши нияти Амрико / Исроил ҳамчунон нигарон..
(last modified Sat, 12 Apr 2025 06:39:48 GMT )
Апрел 12, 2025 11:39 Asia/Dushanbe
  • самти рост: Сайид Аббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон - самти чап: Стив Виткоф, намояндаи раисҷумҳури Амрико дар умури ғарби Осиё
    самти рост: Сайид Аббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон - самти чап: Стив Виткоф, намояндаи раисҷумҳури Амрико дар умури ғарби Осиё

Порстудей- Музокираи ғайримустақими Эрон ва Амрико барои рафъи таҳримҳои зидди Теҳрон рӯзи шанбе дар Масқат-пойтахти Уммон баргузор мешавад.

Саранҷом пас аз 2 моҳ баҳс ва ҳаёҳуи сиёсӣ дар фазои байналмилал,Ҷумҳурии Исломии Эрон пазируфт, ки ба сурати ғайримустақим бо Амрико музокира кунад, музокирае, ки қарор аст рӯзи шанбе дар Масқат-пойтахти Уммон ба унвони кишвари сеюм баргузор шавад.

 Музокироти пеши рӯ дар Уммон бахше аз талошҳои дипломатӣ барои коҳиши танишҳо байни Эрон ва Амрико аст, ки аз солҳо пеш ба далели масоили мухталифе аз ҷумла барномаи ҳастаии Эрон, таҳримҳо ва танишҳои минтақаӣ шиддат гирифтааст.

 Бо ин ҳол масъулони дастгоҳи дипломосии Эрон, ин музокираро маҳаке барои санҷиши нияти Иёлоти муттаҳида медонанд; Аз ҷумла Исмоили Бақоии Ҳомона-сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон, ки рӯзи ҷумъа ва дар остонаи баргузории гуфтугӯҳои ғайримустақими Эрон ва Амрико дар матлабе дар шабакаи иҷтимоии Х навишт: Мо бо ҳусни ният ва ҳушёрии комил ба дипломосӣ як фурсати воқеӣ медиҳем. Амрико бояд ин тасмимро, ки алорағми ҳаёҳуҳои хасмонаи онҳо гирифта шудааст, қадр бидонад.

 Сухангӯи дастгоҳи дипломосии Эрон бо ишора ба инки Теҳрон на пешдоварӣ мекунад ва на пешгӯӣ, хотирнишон кард: Эрон дар назар дорад рӯзи шанбе ният ва ҷидияти тарафи муқобилро арзёбӣ ва мутаносиб бо он ҳаракатҳои баъдиро танзим кунад.

 Пештар Сайид Аббоси Ироқчӣ-вазири умури хориҷаи Эрон дар ёддоште дар нашрияи амрикоии Вашингтон Пост, музокира дар Уммонро як озмун донист ва навишт: Тӯб дар замини Амрикост.

 Дар ҳамин росто Беҳноми Саидӣ-узви ҳайати раисаи комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси шӯрои исломии Эрон низ рӯзи панҷшанбе дар бораи илзомоти музокираи ғайримустақими Эрон бо Амрико, масоили сулҳомези ҳастаӣ, қудрати дифоъӣ ва мушакиро хатти қирмизи Эрон донист ва таъкид кард: Доро будани энергияи ҳастаии сулҳомез ва тавони мушакӣ ва дифоъӣ ҳаққи Ҷумҳурии Исломии Эрон аст ва бар сари ин маворид бо ҳеҷ кишваре музокира намекунем.

 Марк Рубио-вазири умури хориҷаи Амрико низ панҷшанбешаб ибрози умедворӣ кард, ки музокироти Амрико бо Эрон ба сулҳ мунҷар шавад.

 Аз сӯи дигар бозигари нақши аввали таниш, ҷанг ва даргирӣ дар минтақаи ғарби Осиё, яъне режими саҳюнистӣ ҳамчунон нигарони ҳокимияти фароянди дипломатӣ дар муҳити байналмилал аст.

 Нашрияи саҳюнистии  Ҷерузалим Пост дар ҷадидтарин вокуниш нисбат ба музокираи ғайрмустақими Эрон ва Амрико дар Уммон дар матлабе ба нақл аз манобеъи огоҳи саҳюнистӣ навишт: Манобеъи баландпояи Исроил ибрози нигаронӣ кардаанд, ки Доналд Трамп-раисҷумҳури Амрико, мумкин аст тавофуқе бо Эрон имзо кунад, ки аз назари Исроил «заиф» ё «мутавассит» маҳсуб мешавад.

 Бо ин ҳол Эрон ҳамчунон нисбат ба Амрико бадбин аст ва ин бадбинӣ нашъатгирифта аз рафторҳои мутаноқизи Иёлоти муттаҳида аст; рафторҳое, ки реша дар даҳаҳо таҳрими золимона зидди Теҳрон дорад ва ахиран низ дар ҳоле ки қарор аст Теҳрон-Вашингтон ба сурати ғайримустақим дар Уммон музокира кунанд, Амрико таҳти таъсири лобии саҳюнистҳо ба думболи ташдиди фишорҳо бар Теҳрон аст.

 Бар ин асос Вазорати хазонадории Амрико пеш аз музокироти ғайримустақими шанбе, як фард ва чаҳор ширкатро ба иттиҳоми кумак ба Эрон барои давр задани таҳримҳои саноъати нафт таҳрим кард