Рӯҳонӣ: Эрон бо сангандозии Амрико дар БАРҶОМ муқобила мекунад
Раисҷумҳури исломии Эрон таъкид кард: Эрон бо бадаҳдии Амрико дар фароянди иҷрои барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) муқобила мекунад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳасани Рӯҳонӣ, асри сешанбе дар нишасти хабарӣ дар Теҳрон ба муносибати як сола шудани иҷрои тавофуқи ҳастаӣ, бо ишора ба бадаҳдӣ ва сангандозии Амрико дар фароянди иҷрои БАРҶОМ афзуд: Миллату давлати Эрон муқобили ин бадаҳдӣ бо қудрат истодааст ва аз манофеи миллии Эрон кӯтоҳ намеоянд .
Рӯҳонӣ бо ишора ба муваффақияти Эрон дар музокироти ҳастаӣ муқобили кишварҳои узви гурӯҳи 5+1 ва дастёбӣ ба БАРҶОМ гуфт: БАРҶОМ аз они шаҳидон ва миллати Эрон ва як дастоварди бузурги миллӣ аст.
Рӯҳонӣ бо таъкид бар инки ҷумҳурии исломии Эрон ба дунболи силоҳи ҳастаӣ ва куштори ҷамъӣ нест ва набудааст, афзуд: Ончи дар бораи Эрон дар бораи силоҳи ҳастаӣ гуфтанд, дуруғ буд ва БАРҶОМ ҳаққонияти Эронро ба исбот расонд.
Раисҷумҳури исломии Эрон хотирнишон кард: Ҳамаи таҳримҳои ҳастаии зидди Эрон пас аз иҷроӣ шудани БАРҶОМ лағв шудааст .
Рӯҳонӣ ҳамчунин Эронро кишваре таъсиргузор дар минтақаву ҷаҳон донисту гуфт: Дар масоили мухталифи ҷаҳон, Эрон ба унвони бозигаре фаъолу созанда дар саҳна аст ва ғайбати Эрон дар саҳнаҳои сиёсӣ ва минтақа як хисорат барои ҷаҳон аст .