Январ 18, 2017 11:11 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати Эрон бо ҳузури Амрико дар музокироти Остона

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҳузури намояндагони Амрико дар музокироти сулҳи Сурия дар Остонаи Қазоқистон мухолифат кард.

Муҳаммадҷаводи Зариф дар гуфтугӯ бо хабаргузории Тасним, дар бораи мавзеи Эрон дар баробари ҳузури эҳтимолии Амрико дар нишасти музокироти сулҳи Сурия дар Остона гуфт: Эрон амрикоиҳоро даъват накарда ва мухолифи ҳузури онон дар музокироти сулҳи Сурия аст.

 Сергей Лавров вазири умури хориҷаи Русия рӯзи сешанбе дар ҷамъи хабарнигорон гуфта буд, гумон мекунад даъват аз давлати Доналд Трамп раиси ҷумҳурии мунтахаби Амрико барои ширкат дар гуфтугӯҳои сулҳи Сурия дар Остона иқдоми дурусте бошад.

Музокироти сулҳи Сурия байни муоризон ва афроди мусаллаҳ бо давлати Сурия бо миёнҷигарии Эрон, Русия ва Туркия қарор аст 23 январ дар Остона, пойтахти Қазоқистон баргузор шавад.

Музокироти сулҳи Сурия дар Остона пас аз шикасти роҳбурдии террористҳо ва ҳомиёнашон, аз ҷумла Амрико, Арабистон ва Туркия дар шаҳри Ҳалаб, шимоли Сурия ва қабули оташбаси саросарӣ дар ин кишвар баргузор хоҳад шуд.

 

Барчасп