Чаро ғанисозии уран барои Эрон як хати сурх аст?
(last modified Sat, 07 Jun 2025 06:32:19 GMT )
Июн 07, 2025 11:32 Asia/Dushanbe
  • Чаро ғанисозии уран барои Эрон як хати сурх аст?
    Чаро ғанисозии уран барои Эрон як хати сурх аст?

Порс-Тудей. Тавоноии Эрон дар фанноварии ғанисозии уран ва ҳифзи чархаи тавлиди сӯхти атомӣ дар хоки Эрон, дар айни он ки дар чорчӯби масорифи сулҳомезу зери назорати Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дунбол мешавад, ба таври табиӣ навъе боздорандагии роҳбурдӣ низ эҷод мекунад.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, дар рӯзҳои ахир ва пас аз боло гирифтани баҳсҳое дар робита бо ғанисозии уран тавассути Эрон, он ҳам дар фароянди музокироти ҳастаӣ, ин масъала кунҷковии бисёреро барангехта аст. Ба навиштаи “Оваш”, ғанисозӣ бузургтарин ихтилоф миёни Эрону Амрико бар сари расидан ба як тавофуқи ниҳоӣ, ҳаддиақал дар ин марҳала аст. Як хати қирмиз (сурх)-и муҳиму пурранг аз сӯи Теҳрон, ки ҳозир нест қадаме аз он ақиб бигузорад. Хати қирмизе, ки дар музокироти БарҶом низ ҳамвора такрор шуд ва тавонист бар сари ҳаддиақал ғанисозии 3. 67 дарсад дар хоки Эрон ба натиҷа бирасад.

Дар тарафи муқобил амрикоиҳо иддао мекунанд, ғанисозӣ ҳеҷ ҳадафи мантиқӣ барои як кишвар надорад, магар инки бихоҳад ба самти сохти бомби атом биравад ва барои ҳамин ҳам ҳеҷ кишвари ғайридорандаи бомби атомӣ набояд чунин ҳақ ва чунин тавонмандӣ дошта бошад. Ахиран низ Трамп дар твитте бори дигар бар надоштани ҳеҷ сатҳи ғанисозӣ таъкид кард.

Дар чунин фазое ин суол беш аз гузашта матраҳ аст, ки усулан чаро Эрон ниёз ба ғанисозӣ дорад ва чаро бояд барои ин кишвар чунин мавзӯе ба як хати қирмизи муҳим дар музокирот бадал шавад?

 

Зарфияти ғанисозии Эрон як аҳроми дипломатии муассир

Имрӯз кишварҳое дар дунё ҳарфи аввалро мезананд, ки дар ҳавзаи илму фанноварӣ дар сутуҳи болое ҳузур дошта бошанд ва дар ин миён дониши ҳастаӣ бахши муҳиме ба шумор меравад. Эрон дар барномаи ду даҳаи ояндаи худ иттикои бузурге ба барқи ҳастаӣ то 20 ҳазор мегаватт ва тавлиди радиодору барои як миллион бемор дорад ва мусалламан бо тавваҷуҳ ба шароити ҷаҳонӣ ва таҷрибаи гузаштаи Эрон дар таъмини сӯхти мавриди ниёзи реакторҳояш ва тазмини фароянди доимии таъмини сӯхт, ки бо бадаҳдиҳои зиёди тарафҳои ғарбӣ рӯ ба рӯ шуд, ин сиёсати роҳбурдӣ дар кишвар вуҷуд дорад, ки ғанисозӣ таҳти ҳеҷ унвоне таътил ё аз Эрон хориҷ нашавад.

Ин сиёсати роҳбурдӣ боис шуд, бо вуҷуди таъкиди шаш қатъномаи Шӯрои амният дар хусуси таваққуф ё таълиқи ғанисозӣ дар солҳои 85 то 92, ҳатто як лаҳза ҳозир ба таваққуфи ғанисозӣ нашуд то тавонист бар асоси БарҶому Қатъномаи 2231, ғанисозиро ба унвони як ҳаққи машруъ бар асоси банди чаҳори NPT барои худаш ба исбот бирасонад.

Ба ҳамин далел ҷамъбандии Теҳрон ин гуна шуд, ки надоштани истиқлол дар тавлиди сӯхти атомӣ ва вобастагӣ ба ин моддаи роҳбурдӣ метавонад табаоти сангини ғайриқобили ҷубронеро барои кишвар ба ҳамроҳ дошта бошад. Аз сӯи дигар, зарфияти фаннӣ ва амалии Эрон дар ғанисозии ураниум, ба вижа тавоноӣ дар коҳиш ё афзоиши сатҳи ғанисозӣ, ба унвони як аҳроми дипломатии муассир, ҷойгоҳи роҳбурдии Эронро дар музокироти байналмилалӣ, аз ҷумла дар БарҶом ва музокироти ҷориву оянда тақвият карда ва ба унвони як абзори боздорандаи машруъ, имкони мушорикати фаъол, инъитофпазир ва ҳадафманди Эрон дар тартиботи амниятӣ ва сиёсии байналмилалиро фароҳам месозад.

Ҳатто Эрон метавонад бо чунин абзоре ва дар қиболи пойбандӣ ё бадаҳдии тарафҳои муқобил, сиёсатҳои мутақобили мутаносиб, танбеҳӣ ва қонуниро пеш гирад. Тавоноии Эрон дар фанноварии ғанисозии уран ва ҳифзи чархаи тавлиди сӯхти атомӣ дар хоки Эрон, дар айни он ки дар чорчӯби масорифи сулҳомезу зери назорати Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дунбол мешавад, ба таври табиӣ навъе боздорандагии роҳбурдӣ низ эҷод мекунад.

Чунин боздорандагии роҳбурдӣ ин нигарониро дар ҳамаи мақотеи замонӣ дар тарафҳои муқобил, ба вижа душманони минтақаӣ ва фароминтақаии Эрон эҷод мекунад, ки ҳар гуна иштибоҳи муҳосиботии онҳо метавонад, табаъоти сангине дар ҳавзаи таниш дар созукори манъи ишоаи силоҳи ҳастаӣ дошта бошад.

 

Донише ки комилан бумӣ шудааст

Ғанисозии уран мусталзими талфиқи улуму муҳандисиҳои пешрафта аст, ки дар тавсеаи фанноварии ҳастаӣ нақши ҳаётӣ доранд. Физики ҳастаӣ дар тадвини формулаҳои ҷудосозии уран, муҳандисии механикӣ дар тарроҳӣ ва сохти сентрифугаҳое бо диққати боло, илми маводу метолуржӣ барои тавлиди мавод ва олёжҳои муқовим дар баробари шароити муҳитӣ ва пуртобишҳои ҳастаӣ, муҳандисии барқу контрол бо ҳадафи тавсеаи системаҳои контроли дақиқ, ҳисгарҳои ҳушманду автоматии фароянди ғанисозӣ ва фанноварии нано барои фароҳам овардани муҳити халаъ ва контрол дар миқёси нано барои афзоиши диққату боздеҳии фароянд, аз ҷумлаи ин улуму фанновариҳои сатҳи болост, ки бо ғанисозии уран шоҳиди рушди онҳо дар кишвар хоҳем буд. Зимни инки рушд дар ин улум метавонад садҳо зерриштаи муртабитро низ бо афзоиши дониш рӯ ба рӯ созад ва аз саррези дониши ғанисозӣ бақияи улум низ баҳраманд шаванд.

Нуктаи бисёр муҳим дар ҳавзаи фанноварӣ ин аст, ки ончӣ Эрон тавониста дар дониши ғанисозӣ пеш биравад, комилан бумӣ ва ба навъе рӯи пои худ аст. Дар воқеъ Эрон тавониста сентрифугаҳои насли ҷадиде бо короии бисёр болоро тарроҳӣ ва тавлид кунад, ки аз назари фанноварӣ бо стандартҳои ҷаҳонӣ рақобат мекунанд ва ҳамин ҳам боиси эътирозу сару садои онҳо шуда. Зеро дар шароити таҳрим, баёнгари зарфияти болои илмии Эрон аст.

 

Эътибору престижи минтақаӣ ва байналмилалӣ

Яке аз муҳимтарин натоиҷи ғанисозӣ тавассути Эрон ва дар хоки Эрон, дар ҳавзаи престижу эътибори байналмилалӣ аст. Дар воқеъ Ҷумҳурии исломии Эрон танҳо кишвари минтақаи Ғарби Осиё аст, ки бо такя бар дониш ва тавони бумӣ ба фанноварии ғанисозии уран дар сутуҳи мухталиф даст ёфта ва аз ин ҷиҳат эътибори болое барои кишвар эҷод шудааст. Аксари кишварҳои минтақа бо вуҷуди бархӯрдорӣ аз манобеи молии густарда, ҳамчунон дар мароҳили ибтидоии тавсеаи чархаи сӯхти ҳастаӣ будаву вобастагии комил ба тарафҳои хориҷӣ доранд. Бо ин ҳол Эрон бо убур аз ин марҳала, ба унвони кишваре бо истиқлоли фанноварона дар ҳавзаи ҳассоси ҳастаӣ шинохта мешавад. Мутобиқ бо Муоҳидаи манъи густариши силоҳҳои ҳастаии NPT, ҳаққи тавсеаи чархаи сӯхти ҳастаӣ ва ғанисозии уран барои масорифи сулҳомез, як ҳаққи мусалламу шинохташуда барои аъзои ғайриҳастаии муоҳида аст. Эрон бо таъкид бар ин ҳаққи қонунӣ тавониста аст дар баробари фишорҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, аз муавзеи машруъ ва мустанад дифоъ кунаду фаъолиятҳои худро зайли назорати Ожонси байналмилалии энержии атомӣ идома диҳад.

Ин рӯйкард Эронро ба намоди дифои фаъол аз ҳуқуқи кишварҳои дар ҳоли тавсеа дар баҳрабардорӣ аз фанновариҳои навину пешрафта табдил кардааст. Тасаллути Эрон бар фанноварии ғанисозӣ ва чархаи комили сӯхти ҳастаӣ боиси иртиқои нақши Эрон ба унвони яке аз қудратҳои илмиву фанноваронаи мустақил дар сатҳи ҷаҳонӣ шудааст.

Дар натиҷа, ғанисозии уран дар Эрон танҳо як иқдоми фанноварона нест, балки абзоре стратегӣ дар ҷиҳати тасбити мавқеияти миллӣ дар низоми байналмилали чандқутбӣ ва муқовимат дар баробари султаталабии фанноваримеҳвар талаққӣ мешавад. Дар воқеъ, фанноварии ғанисозии уран дар Эрон падидае чандбуъдӣ ва роҳбурдӣ аст, ки метавонад илова бар кумак ба ҳалли мушкилоти энержӣ, ба лиҳози эътибори байналмилалӣ ва тавони боздорандагӣ ба Эрон кумаки шоёне кунад ва ҳамон қадр аз даст додани чунин тавоне метавонад нигаронкунанда бошад.