Январ 18, 2017 15:05 Asia/Dushanbe
  • Аврупо таҳрими баъзе ширкатҳои Эронро бекор кард

Дар иҷрои тавофуқи ҳастаӣ (БАРҶОМ), шӯрои Иттиҳодия Аврупо дар охирин тасмимгирии худ теъдоде ширкатҳо ва ашхоси эрониро аз феҳристи таҳримҳо хориҷ кард.

Ба гузориши ИРНА, Иттиҳодияи Аврупо дар тозатарин тасмими худ 9 ширкати эронӣ, аз ҷумла Ширкати алюминий ва Ширкати гази моеъи табии Эронро аз феҳристи таҳримҳои шӯрои ин иттиҳодия хориҷ кард.

Ҳамчунин Бонки Содироти Эрон ва Бонки Содироти шӯъбаи Лондон низ аз феҳристи таҳримҳо хориҷ шуданд.

 Бар асоси таҳримҳои золимонаи Иттиҳодияи Аврупо, ки дар соли 2012 зидди Эрон ҷорӣ шуд, барои нахустин бор бахши иртиботот, ба вижа ширкатҳое, ки ба ҳимояти молӣ аз Эрон муттаҳам ҳастанд, таҳрим шуданд.

Ҳамчунин тамоми бонкҳои аврупоӣ аз табодули молӣ бо бонкҳои эронӣ манъ шуданд.

Илова бар ин, воридоти гази Эрон ва содироти маводе, ки ба бовари ғарбиҳо метавонад дар барномаи ҳастаӣ ва мушакӣ ба кор ояд, мамнӯъ шуда буд.

Мамнӯъияти сабти киштиҳои эронӣ, ки Эрон аз онҳо ба унвони нафткшҳои ҷадид истифода мекунад ва ҳамчунин масдуд кардани дороии 30 ширкат дар ҳавзаи бонкӣ ва нафт аз дигар мавридҳои таҳримҳои Иттиҳодия Аврупо алайҳи Эрон будааст.