Сарлашкар Мӯсавӣ: Амрико дасти Неруҳои мусаллаҳи Эронро барои ҳар иқдоме боз кард
-
Амири сарлашкар Сайид Абдурраҳими Мӯсавӣ, раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Эрон
Порс-Тудей. Раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Эрон дар вокуниш ба ҳамлаи таҷовузкоронаи Амрико алайҳи Ҷумҳурии исломӣ эълом кард, ки Амрико дасти Неруҳои мусаллаҳи Эронро барои ҳар иқдоме боз кард.
Амири сарлашкар Сайид Абдурраҳими Мӯсавӣ, раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Эрон дар вокуниш ба ҳамлаи таҷовузкоронаи Амрико алайҳи Эрон, рӯзи душанбе паёме содир кард.
Ба гузориши Порс-Тудей, матни паём ба ин шарҳ аст:
Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим
Амрико дар идомаи ҳимоятҳои ҳамаҷонибаи худ аз режими ваҳшӣ ва мутаҷовизи саҳюнистӣ, бо нақзи ҳокимияти Эрони исломӣ ба сурати ошкору мустақим вориди ҷанг шуд ва ба хоки муқаддаси Эрон таҷовуз кард. Амрикои ҷинояткор бояд бидонад, ки зимни муҷозоти фарзанди номашруъ ва мутаҷовизаш, дасти размандагони Ислом дар неруҳои мусаллаҳ барои ҳар гуна иқдоме алайҳи манофеъ ва артиши худро боз намуд ва дар ин хусус ҳаргиз кӯтоҳ нахоҳем омад.
Гуфтанӣ аст, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бомдоди рӯзи якшанбе бо таҷовуз ба се сайти ҳастаии Фурду, Натанз ва Исфаҳон, ба ҷанги Натанёҳу алайҳи Эрон пайваст.