Нахустин эъломияи ҳуқуқи башари ҷаҳон дар куҷо навишта шуд?
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i121266
Порс-Тудей. Дар тӯли таърих тамаддунҳои гуногуне иддао кардаанд, ки поягузори ҳуқуқи башару адолати иҷтимоӣ будаанд. Тасаввуроти роиҷ моро ба самти тамаддунҳои ғарбӣ ҳидоят мекунанд, аммо посухи ин пурсиш ҷое дигар наҳуфтааст.
(last modified 2025-08-01T13:12:48+00:00 )
Август 01, 2025 18:09 Asia/Dushanbe
  • Эъломияи ҳуқуқи башари Куруш
    Эъломияи ҳуқуқи башари Куруш

Порс-Тудей. Дар тӯли таърих тамаддунҳои гуногуне иддао кардаанд, ки поягузори ҳуқуқи башару адолати иҷтимоӣ будаанд. Тасаввуроти роиҷ моро ба самти тамаддунҳои ғарбӣ ҳидоят мекунанд, аммо посухи ин пурсиш ҷое дигар наҳуфтааст.

Оё то ба ҳол ба ин фикр кардаед, ки нахустин бор мафҳуми «ҳуқуқи башар» дар кадом нуқта аз ҷаҳон мутаваллид шуд?

Дар тӯли таърих тамаддунҳои гуногуне иддао кардаанд, ки поягузори ҳуқуқи башару адолати иҷтимоӣ будаанд. Тасаввуроти роиҷ моро ба самти тамаддунҳои ғарбӣ ҳидоят мекунанд, аммо посухи ин пурсиш ҷое дигар наҳуфтааст. Дар ин матлаб аз Порс-Тудей, ба ин суол посух дода шудааст.

 

Эрон

Нахустин маншур ё эъломияи ҳуқуқи башари ҷаҳон дар Эрон ва дар даврони ҳукумати Куруш  (соли 539 пеш аз мелод) навишта шуд. Ин маншур, ки ба “Устувонаи Куруш” маъруф аст, қадимитарин санади мактуб дар бораи ҳуқуқи башар маҳсуб мешавад ва акнун дар музеи Британия нигаҳдорӣ мешавад.

 

Муҳтаво

Куруш пас аз фатҳи Бобул, бар хилофи бисёре аз фотеҳони таърих, даст ба ғорату вайронӣ назад, балки ба бозсозӣ ва озодии мардум пардохт. Дар ин маншур омадааст:

“Сипоҳи бузурги ман ба оромӣ вориди Бобул шуд ва ба мардуми ин сарзамин осебе нарасонд . . . Ман барои сулҳ кӯшидам. Набунаид (Nabonidus) мардуми Бобулро ба бардагӣ кашонда буд, аммо ман бардадориро барандохтам. Фармон додам, ки ҳамаи мардум дар парастиши худои худ озод бошанд ва касе ононро озор надиҳад. Ман ниёишгоҳҳои вайроншударо бозсозӣ кардам ва мардумони овораро ба сарзаминҳояшон бозгардондам».

 

Абъод

Устувонаи Куруш 22. 5 сантиметр тӯл ва 11 сантиметр арз дорад ва матни он ба забони акадӣ (Akkadian language) ва хати мехӣ дар 45 сатр навишта шудааст.

 

Кашф

Ин санади таърихӣ дар соли 1879 мелодӣ тавассути гурӯҳе аз бостоншиносони британияӣ ба сарпарастии Ҳурмузд Рассом (Hormuzd Rassam) дар муҳавватаи бостонии Бобул кашф шуд. Пажӯҳишгарон дарёфтанд, ки ин устувонаи гилӣ дар соли 538 пеш аз мелод ва ба дастури Куруш, пас аз фатҳи Бобул навишта шудааст. Маншур дар маъбади Эсагила (Esagila) дар шаҳри Бобул қарор дошт ва акнун дар музеи Британия нигаҳдорӣ мешавад.

 

Аҳамияти ҷаҳонӣ

Маншури Куруш ба унвони нахустин баёнияи ҳуқуқи башар шинохта мешавад ва бисёре аз усули он дар эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башари Созмони Милал (1948) бозтоб ёфтааст. Бон Ки Мун, дабири кулли пешини СММ аз он ба унвони намоди сулҳу адолат ёд кард. Дар соли 1971 Созмони Милал матни ин маншурро ба шаш забони расмӣ мунташир ва нусхае аз онро дар мақарри Ню-Йорк насб кард.

Томас Ҷефферсон, нависандаи пешнависи эъломияи истиқлоли Амрико аз китоби «Курушнома»-и Ксенофонт (Xenophon) илҳом гирифт. Ин китоб ба шеваи ҳукмронии Куруш бар асоси мудоро ва адолат мепардозад.

 

Намоди адолат

Ин санади таърихӣ на танҳо барои эрониён, балки барои тамоми ҷаҳониён намоди адолат, озодӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқи башар аст. Маншури Куруш гувоҳӣ бар тамаддуни куҳану инсондӯстонаи Эрон аст, ки ҳамчунон илҳомбахши мардуми ҷаҳон боқӣ мондааст.