Тилло барои бонуи каратекои эронӣ / духтарони футболисти эрон Гуамро шикаст доданд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i121454
 Порс тудей - Бонуи каратекои эронӣ дар бозиҳои ҷаҳонии 2025 Chengdu Чин , медали тилло касб кард .
(last modified 2025-08-10T12:09:59+00:00 )
Август 10, 2025 17:09 Asia/Dushanbe
  • Тилло барои бонуи каратекои эронӣ / духтарони футболисти эрон Гуамро шикаст доданд
    Тилло барои бонуи каратекои эронӣ / духтарони футболисти эрон Гуамро шикаст доданд

 Порс тудей - Бонуи каратекои эронӣ дар бозиҳои ҷаҳонии 2025 Chengdu Чин , медали тилло касб кард .

Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз Исно , « Соро Баҳманёр » парчамдори корвони варзишии Эрон ва намояндаи тими миллии каратеи бонувони Эрон дар вазни 50 килограм ба пирӯзӣ расид ва ба нишони тиллои ин давра аз бозиҳо даст ёфт . « Баҳманёр » дар финоли баробар « Мулдир Жонгирбоӣ » аз Қазоқистон қарори гирифта буд .

Қазовати ду бонӯи эронӣ дар Ҷоми ҷаҳонии футсоли бонувон

Федерасиюни байналмилалии футбол аз қазовати доварони зани эронӣ « Зари Фатҳӣ » ва « Гулораҳи Нозимӣ » дар Ҷоми ҷаҳонии футсоли бонувони 2025 дар Филиппин хабар дод . Нахустин давраи Ҷоми ҷаҳонии футсоли бонувон аз 21 ноябр то 7 декабр бо ҳузури 16 тим дар шаҳрҳои Манила ва Негроси Филиппин баргузор мешавад . Тими миллии футсоли бонувони Эрон яке аз тимҳои роҳ ёфта ба Ҷоми ҷаҳонии футсол бонувонаст .

 Духтарони футболисти эронӣ Гуамро бурданд

Дар идомаи марҳалаи интихобии Ҷоми миллатҳои футболи зери 20 соли духтарони Осия , Эрон муваффақ шуд бо натиҷаи 2 бар сифр муқобили Гуам ба мизбонии Малайзия , ба пирӯзӣ бирасад . Голҳои Эронро « Марям Динӣ » ва « Парниё Раҳмонӣ » ба самар расонданд . Тими футболи духтарони Эрон дар нахустин дидори худ дар марҳалаи интихобии Ҷоми миллатҳои футболи зери 20 соли духтарони Осия баробари Малайзия ба бартарии 3 бар сифр даст ёфта буд .