Январ 19, 2017 13:20 Asia/Dushanbe
  • Шӯрои амният пойбандии Эронро ба БАРҶОМ таъйид кард

Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар нишасте, ки барои баррасии пойбандии Эрон ба тавофуқи ҳастаӣ баргузор шуд, таъйид кард, ки Эрон ба тааҳҳудоти ҳастаии худ дар қолаби БАРҶОМ пойбанд будааст.

   Ба гузориши шабакаи ал-Олам, дар ин нишаст Жоао Вале де Алмейда -намояндаи Иттиҳодия Аврупо дар СММ гуфт, Шӯрои амният қарор аст, ҳар шаш моҳ якбор гузорише дар бораи тавофуқи ҳастаии бо Эрон дарёфт кунад.

  Ин мақоми аврупоӣ ба нақл аз Федерика Могерини, масъули сиёсати хориҷии  Иттиҳоди Аврупо гуфт, БАРҶОМ акнун ба ҷомеам байналмилалӣ тааллуқ дорад.

  Ҳамчунин намояндагон Англия ва Фаронса дар СММ дар ин ҷаласа аз беҳбуди равобити кишварҳояшон бо Эрон пас аз БАРҶОМ сухан гуфтанд.

   Виталий Чуркин-намояндаи Русия дар СММ низ гуфт, Маскав аз иҷрои тааҳҳудоти ҳастаии Эрон розӣ аст ва ба ҳеҷ ваҷҳ намепазирд, ки дар роҳи бозгашти Эрон ба арсаи байналмилалӣ мониае эҷод шавад.

  Саманта Пауэр-намояндаи Амрико дар СММ низ дар охирин ҳузури худ дар Шӯрои амният гуфт, таъкиди Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ бар ин, ки Эрон ба тааҳҳудоти худ амал кардааст нишон медиҳад, ки тавофуқ дар ҳоли иҷро аст.

   Пауэр дар айни ҳол муддаӣ шуд, Эрон қатъномаҳои таслиҳоти Созмони Милали Муттаҳидро нақз мекунад ва маҳдудитҳои сафарро, ки Шӯрои амният вазъ кардааст, зери по мегузорад.

 

Барчасп