Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Ҳукумати Баҳрайн машруияти худро аз даст додааст
(last modified Fri, 20 Jan 2017 14:24:25 GMT )
Январ 20, 2017 19:24 Asia/Dushanbe
  • Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Ҳукумати Баҳрайн машруияти худро аз даст додааст

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон гуфт, эъдоми се ҷавони мусулмони баҳрайнӣ муҷиби аз даст рафтани машруияти режими Оли Халифа шудааст.

Ҳуҷҷатулислом Козимии Сиддиқӣ дар хутбаҳои ин ҳафтаи намози ҷумъаи Теҳрон афзуд, мардуми Баҳрайн дар пайи касби озодии қонунӣ ва ҳаққи раъйи худ ҳастанд, аммо режими вобаста ва ҳоким бар ин кишвар дар пайи саркӯби озодихоҳии баҳрайниҳо будаву акнун зиндонҳои ин режим аз уламову озодагони баҳрайнӣ пур аст.

Ҳуҷҷатулислом Козимии Сиддиқӣ таъкид кард, сабри улгӯгирифтаи баҳрайниҳо аз инқилоби исломии Эрон ва хунҳои бегуноҳи дар заминрехта, ба зудӣ режими ҳоким бар Баҳрайнро сарнагун хоҳад кард.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин бо ишора ба нишасти 23 ва 24-уми январ дар шаҳри Остонаи Қазоқистон, дар хусуси буҳрони Сурия ва оташбас дар ин кишвар ибрози умедворӣ кард, ин нишаст ба оташбас дар Сурия ва наҷоти мардуми ду рустои Фуа ва Кафариё, ки таҳти муҳосираи гурӯҳҳои террористӣ қарор доранд, мунҷар шавад.

Козимии Сиддиқӣ ҳамчунин дар остонаи солгарди Даҳаи Фаҷр ва пирӯзии инқилоби исломии Эрон гуфт, пирӯзии инқилоби исломии Эрон инфиҷори нур, муъҷизаи ҷаҳони Ислом ва таҷаллии қудрати имону маънавияти мардуми Эрон буд, ки пояҳои қудратҳои Шарқу Ғарбро ларзонд.

Вай афзуд, пирӯзии инқилоби исломии Эрон роҳи навине нишон дод, ки мешавад бидуни иттико ба қудратҳои Шарқу Ғарб, бо шиори “на шарқиву на ғарбӣ” иқдом карду натиҷае гирифт, ки башарият онро таҷриба накардааст.

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон ҳамчунин ҷон бохтану садама дидани теъдоде аз оташнишононро дар ҳодисаи фурӯ рехтани сохтмони тиҷории “Пласко” дар Теҳрон таслият гуфт.