Вазири хориҷаи Эрон: Изҳороти таҳрикомези амрикоиҳо дахолат дар умури Эрон аст
Порс Тудей - Вазири умури хориҷаи Эрон бар азми Эрон барои дифо аз ҳокимияти миллӣ дар баробари дахолати хориҷӣ таъкид кард.
Шайх Абдуллоҳ бин Зоид Ол Наҳён, муовини нахуствазири хориҷаи Иморот дар тамоси телефонӣ бо Саидаббоси Ироқчӣ, вазири хориҷаи Эрон дар хусӯси таҳаввулоти минтақаӣ ва байналмилалӣ ва равобити дуҷонибаи гуфтугӯ ва табодули назар карданд.
Ба гузориши Порс Тудей, Саидаббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон дар ин гуфтугӯи телефонӣ бо ишора ба нооромиҳои ахир дар Эрон, ки дар натиҷаи таҳрики бархе аносури террористӣ аз сӯи режими саҳюнистӣ ва Амрико дар ба ошӯб кашондани эътирозоти мусолиматомези мардумӣ сӯрат гирифт таъкид кард, ки бо ҳӯшёрии мардум ва неруҳои интизомӣ оромиш ҳоким шудааст.
Ироқчӣ ҳамчунин бо ишора ба изҳороти таҳрикомези мақомоти амрикоӣ, ки дахолати ошкор дар умӯри дохилии Эрон талаққӣ мешавад бар азми мардуми Эрон ҷиҳати дифо аз ҳокимияти миллӣ ва амнияти кишвар дар баробари ҳар гуна шарорату дахолати хориҷӣ таъкид кард.
Шайх Абдуллоҳ бин Зоид Ол Наҳён, муовини нахуствазиру вазири хориҷаи Иморот низ бо ишора ба аҳамияти ройзании мустамар миёни Эрону Иморот ва кишварҳои минтақа, бар лузӯми ташрики масоъи ҷиҳати таҳкими суботу амнияти минтақа таъкид кард. Ин мақоми иморотӣ бо ишора ба аҳаммияти ройзании мустамар миёни Теҳрону Абузабӣ ва кишварҳои минтақа, ташрики масоиро ба манзури таҳкими суботу амнияти Ғарби Осиё зарурӣ донист.