Ироқчӣ: Эрон омодаи музокироти ҳастаии одилона аз мавзеи баробар аст
-
Сайид Аббоси Ироқчӣ ва Ҳокон Фидон, вазирони хориҷаи Эрону Туркия
“Порс-Тудей”. Вазири умури хориҷаи Эрон бо таъкид бар моҳияти сулҳомези барномаи ҳастаии Эрон эълом кард, Эрон омодаи вуруди муҷаддад ба музокироти ҳастаӣ аст, машрут бар инки ин музокирот аз мавзеи баробар, бар пояи манофеи муштарак ва бо эҳтироми мутақобил баргузор шавад.
Сайид Аббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи ҷумъа дар нишасти хабарии муштарак бо Ҳокон Фидон, вазири умури хориҷаи Туркия дар Истанбул бо таъкид бар инки Ҷумҳурии исломии Эрон ҳеҷ гоҳ ба дунболи силоҳи ҳастаӣ набуда ва ин силоҳҳо ҷойгоҳе дар докторинаи амниятии кишвар надоранд, афзуд: Эрон ҳамвора барои эътимодсозӣ дар бораи сулҳомез будани барномаи ҳастаии худ омодагӣ дошта ва дар сурати одилонаву мунсифона будани раванди музокирот, омодаи мушорикат дар гуфтугӯҳои маънодор аст.
Ироқчӣ бо ишора ба таҳаввулоти нигаронкунандаи минтақа, мудохилоти қудратҳои фароминтақаӣ ва сиёсатҳои ҷангафрӯзонаи режими саҳюнистиро омили аслии бесуботӣ донист ва таъкид кард: Амнияти ҳар кишвари минтақа ба амнияти кулли минтақа гиреҳ хӯрдаву ҳар гуна ҷанг ё ноамнӣ домангири ҳама хоҳад шуд.
Раиси дастгоҳи дипломатии Эрон ҳамчунин афзуд, ки тавонмандиҳои дифоӣ ва мушакии кишвар ба ҳеҷ ваҷҳ мавзӯи музокира нахоҳад буд ва амнияти миллии Эрон хати қирмизи ғайриқобили мусолиҳааст.
Ироқчӣ афзуд: Эрон ҳамон гуна ки барои музокира омодагӣ дорад, барои дифоъ аз худ низ омода аст ва ҳар гуна таҷовуз паёмадҳое фаротар аз як даргирии дуҷониба хоҳад дошт.
Вазири умури хориҷаи Эрон дар идома бо ишора ба равобити таърихӣ ва дӯстонаи Теҳрону Анкара, аз мавозеи усулӣ ва ҳимоятии давлати Туркия дар қиболи таҳаввулоти ахиру таҷовузоти режими саҳюнистӣ зидди Эрон қадрдонӣ кард.
Ҳокон Фидон, вазири умури хориҷаи Туркия низ бо таъкид бар мухолифати Анкара бо ҳар гуна иқдоми низомӣ зидди Эрон, азсаргирии музокироти ҳастаӣ дар фазои созандаро барои коҳиши танишҳои минтақаӣ зарурӣ донист ва бар нақши дипломатия дар ҳифзи сулҳ, субот ва амнияти минтақа таъкид кард.