Роҳпаймоии 22 баҳман намоди бедорӣ ва ҳӯшёр , иттиҳод ва ҳамдилии мардуми Эрон
-
Ҳузури густардаи мардуми Эрон дар роҳпаймоии 22 баҳман
Порс Тудей - Дар чиҳилу ҳафтумин солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ, роҳпаймоии 22 баҳман Теҳрони ҳамзамон бо саросари Эрони исломӣ бо ҳузури пурнишоти ақшори мухталифи мардуми Эрон оғоз шуд.
Мардум дар саросари Эрони исломӣ рӯзи чаҳоршанбе, роҳпаймоии 47-умин солгарди пирӯзии инқилоби исломиро оғоз ва бо ҳузури густарда зимни таҷдиди паймон бо ормонҳои бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон ва раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бар идомаи роҳи шаҳидони пурифтихори меҳан то пирӯзии ниҳоӣ бар душманони Эрон таъкид карданд.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, дар паёми телевизионии 22 баҳманро рӯзи рӯнамоӣ аз қудрату иззати миллати Эрон хонданд ва бо таъкид бар инки ҳузури мардум дар роҳпаймоӣ ибрози вафодорӣ ба Ҷумҳурии исломӣ боиси ақибнишинии душман аз тамаъварзӣ алайҳи Эрону манофеи миллӣ хоҳад шуд, таъкид карданд: Дар 22 баҳман бо нишон додани ирода ва истодагии худ, душманро маъюс кунед.
22 баҳман, ёдовари яке аз бузургтарин рухдодҳои торихии миллати бузурги Эрон аст ва мардуми инқилобии Эрон, ҳар сол таҳти ҳар шароите ба хиёбонҳо омадаанду ваҳдату инсиҷоми худро дар посдорӣ аз арзишҳои инқилоби исломӣ ба рух ҷаҳониён кашидаанд.
Ширкати мардум дар роҳпаймоии 22 баҳман, саҳнаи намоиши бедорӣ ва ҳӯшёрӣ, иттиҳоду ҳамдилии онон ва таваҷҷуҳ ба сарнавишти кишвару эъломи безорӣ аз душманони низоми исломӣ аст, ки ҳам мӯҷиби дилгармӣ ва навиде барои дӯстони низоми исломӣ мешавад ва ҳами тавтеъаҳои душманони дохилӣ ва хориҷии инқилоби исломиро хунсо мекунад.
Роҳпаймоии 22 баҳман ба унвони яке аз муҳимтарин муносибатҳои сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар, бозтобе аз ваҳдати миллӣ, вафодорӣ ба ормонҳои инқилоби исломӣ ва нишони иқтидори мардумии Эрон аст.
Инқилоби исломӣ на фақат барои миллати Эрону мусулмонони дигари кишварҳо, балки ба унвони улгӯе барои инсонҳои озодихоҳи ҷаҳон нақшофаринӣ кардааст; бар ҳамин асос, роҳпаймоии бошукӯҳи 22 баҳман ёдовари арзишҳо, аҳдофи волои инқилобу тамаддунсозии навини исломӣ барои ҳамаи мусулмонону мардуми озодихоҳи ҷаҳон маҳсӯб мешавад.
Ин ҳузур, нишонае аз сауоти сиёсӣ ва ҳимояти мардумӣ аз низоми исломӣ аст, ки дар сатҳи байналмилалӣ низ мавриди таваҷҷуҳ қарор мегирад. Ҳузури густардаи мардум, дар роҳпаймоии 22 баҳман талоши расонаҳои бегона барои эҷоди тафриқа ё илқои ноумедиро хунсо мекунад.
Роҳпаймоии 22 баҳман, ҳамчунин намоди фарҳангӣ аз ҳузури наслҳои ҷадиду ошнои онҳо бо арзишҳои инқилоби исломӣ аст. Ҳамбастагии миллӣ ва пойдорӣ ва таъкид бар ҳимоят аз ормонҳои низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз муҳимтарин ҷилваҳои фарҳангии ин рӯйдоди азими мардумӣ аст.
Роҳпаймоии 22 баҳман бо шиорҳои зидди истикборӣ ва зидди зулм, улгӯе барои миллатҳои дигар бавижа дар минтақаи ғарби Осиё аст, кишварҳое, ки бо султаи хориҷӣ даргиранд, ин ҳузурро намоди тавони миллат дар дифо аз истиқлолу ҳокимияти миллӣ медонанд. Дар натиҷа, паёми Эрон ба унвони маркази гуфтумони муқовимат ва истиқлол беш аз пеш тасбит мешавад ва машрӯъияти маънавии он дар ҷаҳони ислом афзоиш меёбад.
Роҳпаймоии 22 баҳман намоди пӯёӣ ва зинда будани инқилоби исломӣ аст; ҳузуре, ки на танҳо ёдовари арзишҳои пойдори инқилоб аст, балки ояндае бо суботу иқтидорро барои кишвар тазмин мекунад.
Буъди амниятӣ ва миллии ҳузури густардаи мардуми Эрон дар саҳна, муҳимтарин пуштвонаи амният барои кишвар аст ва душманон низ дар мувоҷиҳа бо миллати муттаҳид, аз ҳар гуна иқдоми хасмонаи эҳтимолӣ мунсариф мешаванд.
Роҳпаймоии 22 баҳман ҳар сол намоде аз ҳамбастагии воқеии миллати Эрон аст; ҳамбастагие, ки реша дар имон, ҳувияти миллӣ, вафодорӣ ба инқилоби исломӣ ва дифо аз истиқлоли кишвар дорад. Ҳузури пуршӯри мардум дар ин рӯз нишон медиҳад, ки миллати Эрон, дар баробари таҳдидҳои хориҷӣ ва душманӣ бо низоми худ дорои ваҳдати роҳбурдӣ аст.