Тавлиди мейгуи парваришии Эрон ҷаҳиши 37 дарсадӣ сабт кард
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i124272-Тавлиди_мейгуи_парваришии_Эрон_ҷаҳиши_37_дарсадӣ_сабт_кард
Порс Тудей - Тавлиди мейгу (шримп- креветок)-и парваришии Эрон бо рушди 37 дарсадӣ ва убӯр аз 62 ҳазор тонн, дар сояи кантроли муассири бемориҳо ва иҷрои барномаҳои беҳдоштӣ ба рекорде тоза расид.
(last modified 2026-02-22T06:05:11+00:00 )
Феврал 22, 2026 11:04 Asia/Dushanbe
  • Тавлиди мейгуи парваришии Эрон ҷаҳиши 37 дарсадӣ сабт кард

Порс Тудей - Тавлиди мейгу (шримп- креветок)-и парваришии Эрон бо рушди 37 дарсадӣ ва убӯр аз 62 ҳазор тонн, дар сояи кантроли муассири бемориҳо ва иҷрои барномаҳои беҳдоштӣ ба рекорде тоза расид.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз ИРНА,  Ризо Асадӣ, мудири кули дафтари мудирияти беҳдошту мудирияти бемориҳои обзиёни Созмони домпизишкии Эрон, эълом кард, тавлид мейгӯи парваришии Эрон дар соли 1404 бо афзоиши 37 дарсадӣ нисбат ба соли гузашта ба беш аз 62 ҳазор тонн расидааст; рушде, ки ба гуфтаи ӯ натиҷаи иҷрои дақиқи дастӯруламалҳои беҳдоштӣ, намунабардориҳои муназзаму кантроли муассири бемориҳо дар марокизи таксиру мазореъи парваришӣ будааст.

Асадӣ бо ишора ба чолишҳои соли гузашта дар ҳавзаи обзипарварӣ тасреҳ кард, бо барномарезии тахассусӣ ва баҳрагирӣ аз назари коршиносон, санъати обзипарварии Эрон соле дурахшонро пушти сар гузошт. Вай санъати обзипарвариро аз бахшҳои роҳбурдии иқтисоди Эрон донисту афзуд, дар тамомии устонҳои майгупарвар, афзоиши тавлид сабт шудааст.

Бар асоси ин гузориш, беш аз 30 ҳазор тон аз тавлид мейгӯи парваришӣ ба устони Бушеҳр ихтисос дорад, ки ҷойгоҳи пешрави худро тасбит кардааст. Ҳамчунин дар устонҳои Хузистон, Гулистон Систон ва Балӯчистон бардошти мейгӯ бидуни бурузи беморӣ анҷом шуд. Дар устонҳои Бушеҳру Ҳурмузгон низ барои сеюмин соли мутаволӣ бемории лаккаи сафед дар мазореъ шиносоӣ нашуду конӯнҳои соири бемориҳо байни 45 то 60 дарсад коҳиш ёфт.

Коҳиши бемориҳо ва сарфаҷӯии иқтисодӣ

Ризо Асадӣ эълом кард, дар бахши моҳиёни сардобӣ, гармобӣ ва ховиёрӣ низ 35 дарсад коҳиши конӯнҳои беморӣ сабт шуда, ки ҳудӯди 6 ҳиммат сарфаҷӯии иқтисодӣ ба ҳамроҳ доштааст.

Асадӣ бо таъкид бар зарурати тавсеаи пойдор дар обзипарварӣ гуфт: «Бо таваҷҷуҳ ба маҳдӯдияти манобеи обӣ, ҳаракат ба самти системаҳои модерну мадор баста метавонад, заминасози иштиғоли пойдору тақвияти иқтисоди Эрон бошад.» Вай ибрози умедворӣ кард, бо истимрори барномаҳои беҳдоштӣ ва мушорикати бахши хусӯсӣ, раванди афзоишии тавлиди мейгуи парваришии Эрон дар соли оянда низ тадовум ёбад.