Ироқчӣ: Пас аз поёни ҷанг созукорҳои ҷадиди барои Тангаи Ҳурмуз тароҳи мекунем
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i124468-Ироқчӣ_Пас_аз_поёни_ҷанг_созукорҳои_ҷадиди_барои_Тангаи_Ҳурмуз_тароҳи_мекунем
Порсу Тудей- вазири умури хориҷаи Эрон бар лузуми тароҳии созукорҳои ҷадиди барои Тангаи Ҳурмуз пас аз поёни ҷанг таъкид кард.
(last modified 2026-03-18T13:04:31+00:00 )
Март 18, 2026 18:02 Asia/Dushanbe
  • Сайид Абоси Ироқчӣ вазири умури хориҷаи Эрон
    Сайид Абоси Ироқчӣ вазири умури хориҷаи Эрон

Порсу Тудей- вазири умури хориҷаи Эрон бар лузуми тароҳии созукорҳои ҷадиди барои Тангаи Ҳурмуз пас аз поёни ҷанг таъкид кард.

Ба гузориши Порс Тудей, Сайид Абоси Ироқчӣ вазири умури хориҷаи Эрон дар гутфгу бо шабакаи Алҷазира ба баррасии вазъияти Тангаи Ҳурмуз ва зарурияти эҷоди созукорҳои ҷадиди барои рафтуомади киштиҳо пардохт.

Ироқчӣ дар ин гуфтугу бо таъкид бар аҳамияти Тангаи Ҳурмуз ба унвони як оброҳи стратеги изҳор дошт: Тангаи Ҳурмуз як оброҳ аст, ки дар канори Эрон қарор дорад ва табиъатан мо иҷоза нахоҳем дод душманони мо аз ин оброҳ истифода кунанд.

Вай бо ишора ба вазъияти ноамни дар атрофи ин оброҳ афзуд: Дар ҳоли ҳозир ҷанг дар атрофи ин оброҳ дар ҷараён аст ва табиъӣ аст, ки бисёри аз китиҳо ва кишварҳо ба далели ноамни ба истифода аз ин масир надошта бошанд.

Ироқчӣ ҳамчунин бар лузуми тароҳии созукорҳои ҷадид барои Тангаи Ҳурмуз пас аз поёни ҷанг таъкид карду гуфт: Мо бояд ба гунаи иқдом кунем, ки рафтуомади сулҳомез дар ин оброҳ ба сурати доими таҳти муқарароти мушахас ва бо дар назар гирифтани манофеъи Эрон ва минтақа тазмин шавад.