Қолибоф: Муодилаи ҷадиди тангаи Ҳурмуз дар ҳоли тасбит аст
-
Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон
Порс Тудей — Раиси Маҷлиси Эрон дар паёме навишт: «Истимрори вазъи мавҷуд барои Амрико ғайриқобили таҳаммул аст; дар ҳоле ки мо ҳанӯз ҳатто шурӯъ ҳам накардаем; шаррашон кам хоҳад шуд».
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон рӯзи сешанбе дар шабакаи Х навишт: «Муодилаи ҷадиди тангаи Ҳурмуз дар ҳоли тасбит аст. Амнияти киштиронӣ ва транзити энержӣ ба дасти Амрико ва муттаҳидонаш бо нақзи оташбас ва эъмоли муҳосира ба хатар афтодааст; албатта шаррашон кам хоҳад шуд».
Қолибоф таъкид кард: «Хуб медонем, ки истимрори вазъи мавҷуд барои Амрико ғайриқобили таҳаммул аст; дар ҳоле ки мо ҳанӯз ҳатто шурӯъ ҳам накардаем».