Ҳушдори Қолибоф ба сарони Амрико: Бизанед, мехӯред
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i125118-Ҳушдори_Қолибоф_ба_сарони_Амрико_Бизанед_мехӯред
Порс Тудей - Раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон дар паёме мақомоти Амрикоро хитоб қарор дод ва таъкид кард: Тангаи Ҳурмуз фақат бо «тартиботи эронӣ» боз хоҳад шуд, на бо таҳдидоти амрикоӣ.
(last modified 2026-07-09T06:15:51+00:00 )
Июл 09, 2026 11:06 Asia/Dushanbe
  • Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон
    Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон

Порс Тудей - Раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон дар паёме мақомоти Амрикоро хитоб қарор дод ва таъкид кард: Тангаи Ҳурмуз фақат бо «тартиботи эронӣ» боз хоҳад шуд, на бо таҳдидоти амрикоӣ.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон дар ҳисоби корбарии худ дар фазои маҷозӣ навишт: "Амрико ҳанӯз ёд нагирифтааст, ки зӯргӯӣ ва бадъаҳдӣ дигар беҳазина нест.

Вай афзуд: Шаффоф бигӯям: Бизанед, мехӯред. Даступои беҳуда назанед, ки бештар фурӯ хоҳед рафт.

Қолибоф таъкид кард: Тангаи Ҳурмуз фақат бо «тартиботи эронӣ» боз хоҳад шуд, на бо таҳдидоти амрикоӣ."