Зулқадр : Шиллекҳо то замони таслими комили душман идома дорад
Июл 25, 2026 20:26 Asia/Dushanbe
-
Муҳаммадбоқири Зулқадр-дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон
Порс тудей - Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон эълом кард : Шиллекҳои неруҳои мусаллаҳ то таслими комили душман ва гирифтани интиқоми хӯни шаҳидон идома хоҳад дошт .
Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо ; Муҳаммадбоқири Зулқадр- дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон
дар паёме ҳар сутуни дӯд дар минтақаро нишон аз ҳадаф қарор гирифтани як маркази низомӣ , амниятӣ ва ё молии Амрико донист ва гуфт : Шиллекҳои мудовиму ҳадафманди размандагони мо тозиёнаҳои хашми миллати бапохостаи Эрон аст, ки бар гурдаи низоми султа фурӯд меояд ва то таслими комили душман ва гирифтани интиқоми хӯни кӯдакони мазлӯми Минобу Ломирд ва ғайра. . . идома хоҳад дошт.
Барчасп