Феврал 04, 2017 19:07 Asia/Dushanbe
  • Ҷаҳонгирӣ: Мавозеи такрории амрикоиҳо зидди Эрон арзише надорад

Муовини аввали раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, миллат ва масъулони Эрон камтарин арзише барои мавозеъи такрории амрикоиҳо қоил нестанд.

Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ-муовини аввали раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, рӯзи шанбе дар ойини рӯнамоӣ аз сомонаи якпорчаи муоинаи фаннии Эрон дар Теҳрон, бо таъкид бар ин, ки иттиҳомоти амрикоиҳо зидди Эрон бино бар ҳимоят аз террористҳо ба қадре такрорӣ шудааст, ки худи гӯянда низ аз баёни он эҳсоси шарм дорад, тасреҳ кард, Эрон ҳамвора бо террористҳо дар минтақа мубориза кардааст.

Вай бо баёни ин, ки амрикоиҳо натоиҷи таҳримҳо ва таомулро дар бораи Эрон диданд, афзуд, Эрон натанҳо мушкили минтақа нест, балки кумаккунанда ба рафъи мушкилоти он аст.

Ҷаҳонгирӣ хотирнишон кард, агар Ҷумҳурии Исломии Эрон набуд, имрӯз Сурия дар ихтиёри гкрӯҳи ДИИШ буд ва кишварҳои арабӣ тавасути ДИИШ иҳота шуда буданд, аз инрӯ, ҳар куҷо лозим буд, Эрон дар онҷо ҳозир шуд, чаро, ки метавонад субот барқарор кунад.

Пеш аз ин, Баҳроми Қосимӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони қудрати бартари минтақаи ғарби Осиё, кишваре мутмаин дар фароянди мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ аст.

 

Барчасп