Феврал 05, 2017 20:31 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Рӯҳонӣ бар омодагии Эрон барои густариши равобит бо Қирғизистон

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, Эрон омодаи густариши ҳамкорӣ бо Қирғизистон дар бахшҳои хадамоти фаннӣ-муҳандисӣ, пизишкӣ ва дорусозӣ аст.

Ба гузориши ИРНА, Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон рӯзи якшанбе дар ойини дарёфти устуворномаи Овозбек Абдуразоқов, сафири ҷадиди Қирғизистон дар Теҳрон ҳамкориҳои иқтисодии бахш хусусии Эрон ва Қирғизистонро созанда хонд ва таъкид кард, равобити тиҷорӣ, иқтисодӣ ва сиёсии Теҳрон – Бишкек ба нафъи ду миллат ва минтақа аст.

Рӯҳонӣ бо баёни ин ки Эрон ва Қирғизистон бояд аз зарфиятҳо ва тавонмандиҳои мавҷуд дар чорчӯби тавсеа ва тақвияти муносибот истифода кунанд, бар зарурати густариши ҳамкориҳо байни ду кишвар дар бахши гардишгарӣ низ таъкид кард.

Овозбек Абдуразоқов, сафири ҷадиди Қирғизистон дар Теҳрон низ дар ин дидор гуфт, Қирғизистон ба думболи роҳҳои густариши равобит бо Эрон дар заминаҳои мухталифи сиёсӣ, иқтисодӣ, гардишгарӣ ва энержӣ аст.

Сафири Қирғизистон дар Теҳрон ҳамчунин бо табрики солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ афзуд, Қирғизистон аз ҳузури фаъолтари ширкатҳои эронӣ истиқбол мекунад ва бо тасҳили равобити консулӣ ва барқарории хатти парвози мустақим ба Теҳрон, умедвор аст ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар густариши бештаре ёбад.

 

Барчасп