Трамп: Рӯҳонӣ дониста сухан гӯяд (видео)
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i13243-Трамп_Рӯҳонӣ_дониста_сухан_гӯяд_(видео)
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ба Ҳасани Рӯҳонӣ, ҳамтои эронияш гуфт, ки дониста сухан гӯяд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 11, 2017 13:55 Asia/Dushanbe

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ба Ҳасани Рӯҳонӣ, ҳамтои эронияш гуфт, ки дониста сухан гӯяд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, раисҷумҳури Амрико рӯзи ҷумъа дар вокуниш ба изҳороти раисҷумҳури Эрон дар роҳпаймоии 22-юми баҳман гуфт: «Беҳтар аст, дониста сухан гӯяд». Ин ҳушдори Трамп пас аз он буд, ки як хабарнигор назари ӯро дар бораи суханронии Ҳасани Рӯҳонӣ дар роҳпаймоии 22-юми баҳман дар Теҳрон пурсид.

Рӯҳонӣ рӯзи ҷумъа дар маросими роҳпаймоии солгарди пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон гуфта буд: «Касоне, ки алайҳи миллати Эрон аз забони таҳдид истифода мекунанд, пушаймон хоҳанд шуд. Ҳар касе, ки ҳукумат ва нерӯҳои мусаллаҳи Эронро таҳдид мекунад, бояд бидонад, ки миллати мо ҳушёр аст”.