Посухи Зариф ба изҳороти беасоси Натаняҳу
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i13560-Посухи_Зариф_ба_изҳороти_беасоси_Натаняҳу
Вазири умури хориҷии Эрон шаби ҷумъа дар “Твиттер” ба иддаоҳои ахири Бенямин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ алайҳи барномаҳои дифои мӯшакии Эрон вокуниш нишон дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 18, 2017 12:34 Asia/Dushanbe
  • Посухи Зариф ба изҳороти беасоси Натаняҳу

Вазири умури хориҷии Эрон шаби ҷумъа дар “Твиттер” ба иддаоҳои ахири Бенямин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ алайҳи барномаҳои дифои мӯшакии Эрон вокуниш нишон дод.

Ба гузориши шабакаи “ал-Олам”, Муҳаммадҷаводи Зариф дар сафҳаи шахсии худ дар шабакаи иҷтимоии “Твиттер” навишт, “танҳо режими дорои силоҳи ҳастаӣ ва мӯшакҳои қорапаймо дар Ховари Миёна бо таърихе мамлув аз таҷовузгарӣ абзорҳои дифоии машрӯи Эронро бо ахбори дурӯғ дастмояи эронҳаросӣ қарор додааст”.

Бинёмин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ, ахиран, дар нишасти хабарии муштарак бо Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико барномаҳои сулҳомези ҳастаӣ ва дифои мӯшакии Эронро таҳдиде барои амнияти Исроил ва Амрико хонда буд.

Баҳром Қосимӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон низ рӯзи чаҳоршанбе ёдоварӣ кард, анбори аслиҳаи режими саҳюнистӣ худ бузургтарин таҳдид барои сулҳу амнияти минтақа ва ҷаҳон аст. Қосимӣ афзуд, ин иддаоҳои нораво ба василаи режиме такрор мешавад, ки ба ҳеҷ қонуну муқаррароти байналмилалӣ пойбанд нест ва садҳо кӯлоҳак дар анбори аслиҳаи атомии худ дорад.

Бар асоси гузориши хадамоти истихборотии ғарбӣ, Исроил ҳудуди 400 кӯлоҳаки атомӣ дар ихтиёр дорад, ки қудрати тахриби ҳар яке аз онҳо бештар аз бомбе аст, ки Ҳеросимаи Японияро ҳадаф қарор дода буд.