Феврал 18, 2017 19:37 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Вуруди низомиёни амрикоӣ ба Сурия ба бесуботиҳо доман мезанад

Вазири умури хориҷаи Эрон, рӯзи ҷумъа дар ҳошияи конфронси амниятии Мюнхен дар мусоҳиба бо шабакаи СНН гуфт, тарҳи давлати Амрико барои вуруди низомӣ ба Сурия, танҳо ба афзоиши бесуботи дар минтақа ва ҷаҳон мунҷар хоҳад шуд.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф бо ёдоварии ин, ки ишғоли Ироқ ба даст низомиёни амрикоӣ ба зуҳури гурӯҳи террористии ДИИШ мунҷар шуд, гуфт, ҳузури низомиёни хориҷӣ дар Сурия дастовезе ба гурӯҳҳои террористӣ хоҳад дод, то ҷангҷӯёни ҷадид аз байни ҷавонони маҳрум ҷазб кунанд.

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, онҳое, ки ДИИШ-ро ба вуҷуд оварданд ҳамон афроде буданд, ки ба Садом Ҳусайн диктатори маъдуми Ироқ, силоҳ доданд ва Алқоидаро бавуҷуд оварда мусаллаҳ карданд.

Зариф ҳамчунин дар бораи иқдомоти зидди эронии давлати ҷадиди Амрико гуфт, ҳар касе, ки дар гузашта Эронро озмуда медонад, эрониён ҳеҷгоҳ ба забони таҳдид аҳаммияте намедиҳанд ва танҳо ба эҳтироми мутақобил ва манофеъи муштарак посух медиҳанд.

Вай гуфт, иҷмоъи байналмилалӣ барои ҳифзи тавофуқи ҳастаӣ, вуҷуд дорад ва ҳама аз ҷумла коршиносони амрикоӣ медонанд, ки ин беҳтарин тавофуқи мумкин аз ҳар лиҳоз, натанҳо барои Эрон, ки барои Амрико низ буд.

Зариф дар Мюнхен бо Федерика Могерини -масъули сиёсати хориҷи Иттиҳоди Аврупо, Борут Пахор-раисиҷумҳури Словении, Ҳайдар Ибодӣ, нахуствазири Ироқ, Масъуд Боризонӣ- раиси минтақаи Курдистони Ироқ ва Хоҷа Осиф-вазири дифоъи Покистон дидор кард.

Зариф ҳамчунин бо вазирони хориҷаи Испания, Уммон, Англистон, Русия, Туркия, Фаронса ва Украина, Стаффан де Мистура намояндаи вижаи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар умури Сурия, ҳайати ришсафедони  муташаккил аз вазири умури хориҷаи собиқи Алҷазоир, Эрнесто Седило (Ernesto Zedillo )- раисиҷумҳури собиқи Мексика ва чандин шахсияти бо собиқа байналмилалӣ аз кишварҳои мухталиф дидор ва гуфтугӯ кард.

Муҳаммадҷаводи Зариф вазири хориҷаи Эрон, рӯзи ҷумъа барои ширкат дар 53-умин давраи конфронси амниятии Мюнхен, вориди шаҳри Мюнхени Олмон шуд.

Барчасп