Зариф: Эрон аз таҳдидҳо наме‌ҳаросад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i13632-Зариф_Эрон_аз_таҳдидҳо_наме_ҳаросад
Вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи якшанбе дар ҳошияи Конфронси амниятии Мюнхен гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон аз таҳдидҳо намеҳаросад, аммо эҳтироми мутақобилро бо арзиш медонад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 20, 2017 06:54 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Эрон аз таҳдидҳо наме‌ҳаросад

Вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи якшанбе дар ҳошияи Конфронси амниятии Мюнхен гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон аз таҳдидҳо намеҳаросад, аммо эҳтироми мутақобилро бо арзиш медонад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадҷаводи Зариф пас аз суханронӣ дар панҷоҳу сеюмин Иҷлоси амниятии Мюнхени Олмон, дар ҷаласаи пурсишу посух гуфт: Пеш аз иҷрои таҳримҳои золимона, теъдоди сентрифугаҳои Эрони камтар аз 200 адад буд, аммо замоне, ки Амрико пои мизи музокира омад, ҷумҳурии исломии Эрон 20 ҳазор сентрифуга дошт, ки ин амр нишон медиҳад, таҳдид ва таҳрим дар мавриди Эрон посух намедиҳад .

Вазири умури хориҷаи Эрон бо таъкид бар инки ҷумҳурии исломии Эрони ҳечгоҳ ба дунболи сохти силоҳи ҳастаӣ набуда ва нест, гуфт: Тарафҳои ғайриузви NPT, худ бузургтарин таҳдиди ҳастаӣ алайҳи ҷомеаи байналмилалӣ ҳастанд, аммо бо густохӣ аз таҳдиди ҳастаии Эрон сухан мегӯянд, дар ҳоле, ки тамоми созу корҳо барои итминон аз сулҳомез будани барномаи ҳастаии Эрон вуҷуд дорад .

Зариф ҳамчунин бо баёни инки дини ислом дини бародарӣ аст ва ҷумҳурии исломии Эрон ҳамвора хостори гуфтугӯ бо дигар кишварҳои минтақа барои ҳалли буҳронҳост, афзуд: Ҷумҳурии исломии Эрон ба дунболи ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя аст, то ба хушунатҳо дар минтақа поён диҳад .

Конфронси амниятии Мюнхен рӯзи якшанбе ба кори худ поён дод ва вазири умури хориҷаи Эрон яке аз ширкаткунандагони аслӣ дар ин конфронс буд .