Феврал 20, 2017 17:32 Asia/Dushanbe
  • Тарҷумаи ду романи форсӣ ба забони русӣ

Мудири маркази тарҷумаи ҳавзаи ҳунарии Эрон, аз поён ёфтани тарҷумаи ду романи форсӣ «Фоли хун» ва «Лабханди Масеҳ» ба забони русӣ хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Саидаи Ҳусейнҷонӣ гуфт, романи "Фоли хун", асари Довуд Ғаффорзодагон бо тарҷумаи Александр Андрюшкин ва романи «Лабханди Масеҳ» асари Соро Ирфонӣ бо тарҷумаи Евгения Никитенко ба забони русӣ тарҷума шудааст ва ба зуддӣ интишороти «Садро» дар Маскав, ин ду китобро чоп хоҳад кард.

Бар асоси ин гузориш, романи "Фоли хун" дар ҳавзаи адабиёти Дифоъи муқаддас (ҳашт сол ҷанги таҳмилии режими Садом зидди Эрон) таъриф мешавад ва романи "лабханди Масеҳ" низ дар қолаби иҷтимоӣ ба мафоҳими фалсафӣ ва эътиқодӣ мепардозад.

Мудири маркази тарҷумаи ҳавзаи ҳунарии Эрон, ҳамчунин гуфт, тарҷумаи 15 унвон китоби дигар аз маҳсулоти имсоли ин марказ (1395 ҳиҷрии хуршедӣ) ба 9 забон, англисӣ, урду, испонӣ, арманӣ, курдӣ, итолиёӣ, туркӣ, русӣ ва ҳиндӣ ба поён расидааст.

Барчасп