Феврал 22, 2017 13:04 Asia/Dushanbe
  • Оғози марҳалаи аслӣ ва ниҳоии размоиши “Паёмбари Аъзам”-и Сипоҳи посдорон

Марҳалаи аслӣ ва ниҳоии размоиши “Паёмбари Аъзам (с) 11”-и нируи замини Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ имрӯз (чаҳоршанбе) бо иҷрои амалиёт тавассути размандагони ягони вижаи Собирин дар минтақаи умумии шимолу шарқи Эрон оғоз шуд.

Ба гузориши ИРНА, дар марҳалаи аслӣ ва ниҳоии размоиши “Паёмбари Аъзам (с) 11”, амалиёти дифоъ аз марз дар муқобили таҳоҷуми эҳтимолии душмани фарзӣ, оташи сангини тӯпхона бар рӯйи мавозеи душмани фарзӣ, анҷоми иқдомоти шиносоӣ, иттилоотӣ ва размӣ бо истифода аз ягонҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин, типи зиреҳӣ ва партоби ракетаҳои пешрафта ва дақиқзан аз мавзеи собит ва мутаҳаррик анҷом хоҳад шуд.

Ғуломалии Рашид фармондеҳи қароргоҳи марказии Хотамуланбиё (с), Ҳусайни Саломӣ ҷонишин фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, Муҳаммади Покпур фармондеҳи неруи заминии сипоҳ, Меҳдии Раббонӣ муовини амалиёти ситоди кулли неруҳои мусаллаҳ ва ҷамъе дигар аз мақомот ва фармондеҳони олирутбаи неруҳои мусаллаҳи Эрон аз ширкаткунандагони ҳозир дар марҳалаи ниҳоии ин размоиш ҳастанд.

Бар асоси ин гузориш, неруҳои амалиётии ҳозир дар размоиши “Паёмбари Аъзам (с) 11”, бо истифода аз таҷҳизот ва таслиҳоти пешрафтаи размӣ ва дифоӣ дар ҳавзаи набардҳои заминӣ, гӯшае аз тавонмандиҳои неруи заминии Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро дар ҳифозат аз манофеи низоми муқаддаси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар минтақаи марказӣ ва шимолу шарқи ин кишвар ба намоиш гузоштанд.

Размоиши серӯзаи “Паёмбари Аъзам (с) 11”-и неруи заминии Сипоҳи Эрон, аз рӯзи душанбе бо шиори «Намоиши иқтидор ва амнияти пойдор» ва бо рамзи «Ё Расулаллоҳ» дар биёбони марказии Эрон оғоз шуд.

 

Барчасп