Феврал 22, 2017 19:47 Asia/Dushanbe
  • Муовини вазири хориҷаи Эрон: Амнияти миллатҳои минтақа, амнияти Эрон аст

Муовини вазири умури хориҷаи Эрон гуфт: Амният дар равобити байналмилалӣ як мақулаи якпорча аст ва ҳеч кишваре наметавонад амнияти худро бидуни таваҷҷуҳ ба соири кишварҳо таъмин кунад.

Ба гузориши хабарнигори радиои тоҷикии Садои Хуросон, Саид Аббоси Ироқчӣ, муовини ҳуқуқӣ ва байналмилали вазири умури хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар ҷамъи донишҷӯёни бахши байналмилали Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад афзуд: Ҷумҳурии исломии Эрон дар баробари таҳдидҳое назири ДИИШ ва Алнусра, ки решаи фикрии он террористӣ ва мухили амният аст, истодааст .

Муовини вазири умури хориҷаи Эрон тасреҳ кард: Сулҳ ниёзи имрӯзи минтақаи мост ва сиёсати хориҷии мо бар таъмини оромишу сулҳ дар минтақа устувор аст .

Вай таъмини амнияти миллатҳоро муҳимтарин рукн дар сиёсатгузориҳо ва рафтори байналмилалии Эрон унвон карду гуфт: Амният барои мо ингуна таъриф нашудааст, ки шоҳиди куштори бародарон ва хоҳаронамон дар сарзаминҳои ишғолӣ, Яман, Ироқ ва Сурия бошем ва мунфаилона мавзеъгирӣ кунем .

Муовини вазири умури хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон дар бахше дигар аз суханонаш ҳамгароии фарҳангии миллатҳои минтақа ба хусус кишварҳои форсизабони Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистонро дар ҳамсӯии давлатҳо ва миллатҳо бисёр муассир арзёбӣ кард ва хитоб ба донишҷӯёни ғайриэронӣ гуфт: Ҳар як аз шумо сафирони кишварҳои худ ҳастед ва пас аз бозгашт низ сафирони фарҳангии Эрон хоҳед буд .

Ироқчӣ омӯзиши забони форсиро аз ҷумлаи маъмуриятҳои Вазорати умури хориҷаи Эрон донист ва афзуд: Вазорати умури хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон дар густариши табодулоти фарҳангӣ ва донишгоҳӣ аз ҳеч талоше фуругузор нест .

Дар бахши байналмилали Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад беш аз ҳазору 500 донишҷӯ аз кишварҳое ҳамчун Тоҷикистон, Афғонистон, Ироқ, Сурия, Лубнон ва кишварҳои ҷануби шарқи Осиё дар риштаҳои гуногун таҳсил мекунанд .

Дар ин нишаст доктор Ироқчӣ ба саволоти донишҷӯён дар бораи мавзуъҳои мухталиф посух дод ва дабирхонаи ҷашнвораи фарҳанги милали Донишгоҳи Фирдавсии Машҳадро низ ифтитоҳ кард .

Тақриби фарҳанги милали мусалмон, талош барои муровидоти донишгоҳӣ ва табодули устоду донишҷӯ байни кишварҳо аз ҷумлаи аҳдофи ҷашнвораи фарҳанги милал эълом шудааст .