Феврал 26, 2017 15:39 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Ҳукумати Эрон барои беҳбудии вазъи дармону тандурустӣ талош мекунад

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон хостори ҷалби сармояи хориҷӣ ба Эрон дар бахши тандурустӣ ва дармон шуд.

Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи якшанбе дар нахустин Маҷмаи миллии саломат дар Теҳрон гуфт, ҳукумати ӯ талош карда, вазъи саломату дармони мардум беҳтар шавад ва бар асоси оморҳо, дар ин давлат дору 20 дарсад, таҷҳизоти пизишкии хориҷии 40 дарсад арзонтар ба даст мардуми Эрон мерасад. Рӯҳонӣ таъкид кард, бояд заминаҳои ҷалби сармояҳои мавриди ниёз дар бахши саломату дармони Эрон фароҳам шавад. Ӯ афзуд, ҳифзи тандурустӣ муқаддам бар дармон аст ва барои ҳалли мушкилоти дармонию беҳдоштӣ бояд ҳама муттаҳид шаванд. Раисҷумҳури Эрон ҳамчунин бар зарурати ҳамкориҳо бо ҷаҳон барои рушди тандурустӣ дар Эрон таъкид кард ва гуфт: “Эрон бо ҳифзи усулу арзишҳо бояд аз фанновариҳои ҷадиди ҷаҳон истифода кунад ва донишгоҳҳову муҳаққиқони эронӣ ҳам дар масири пешрафт дар ҳамкорӣ бо ҷаҳон қарор бигиранд”.

Барчасп