Аҳаммияти созмони ЭКО дар эҳёи “Роҳи абрешим”
(last modified Tue, 28 Feb 2017 12:15:14 GMT )
Феврал 28, 2017 17:15 Asia/Dushanbe
  • Аҳаммияти созмони ЭКО дар эҳёи “Роҳи абрешим”

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, нақши Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО)-ро дар эҳёи “Роҳи абрешим”, бо аҳаммият донист.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф имрӯз сешанбе, дар ҳошияи баргузории нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви ЭКО дар Исломобод, пойтахти Покистон, афзуд, пешниҳоди Си Ҷинпин-раисиҷумҳури Чин, барои тақвияти ҳамкориҳои иртиботӣ перомуни “як роҳ - як камарбанд”, ҳаракате бузург аст.

Зариф афзуд, ЭКО ба унвони созмоне, ки дар ин ҳавза қарор мегирад, метавонад нақши густурдае дар ҳамкорӣ ва иҷрои пешниҳодии Чин дошта бошад.

Рӯз сешанбе дар оғози 22-умин нишасти Шӯрои вазирони умури хориҷаи ЭКО дар Исломобод, Зариф, ки раёсати давраи қаблии ин шӯроро бар ӯҳда дошт, раёсати давраи ҷадиди Шӯрои вазирони ЭКО-ро ба Сартоҷ Азиз-мушовири нахуствазири Покистон дар умури хориҷӣ вогузар кард.

Исломобод рӯзи чаҳоршанбе мизбони 13-умин иҷлоси сарони ЭКО хоҳад буд.

Эрон, Туркия, Покистон, Афғонистон, Туркманистон, Қирғизистон, Узбакистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон, 10 узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) ҳастанд.