Баҳрабардорӣ аз бузургтарин ва муҷаҳҳазтарин бемористони шарқи Эрон бо ҳузури Рӯҳонӣ
(last modified Wed, 08 Mar 2017 16:27:16 GMT )
Март 08, 2017 21:27 Asia/Dushanbe
  • Баҳрабардорӣ аз бузургтарин ва муҷаҳҳазтарин бемористони шарқи Эрон бо ҳузури Рӯҳонӣ

Бемористони 610 тахтихобии имом Ризо (а), бузургтарин тарҳи миллии бемористонии шарқи Эрон ва муҷаҳҳазтарин маркази дармонии шаҳри Машҳад рӯзи чаҳоршанбе бо ҳузури раисҷумҳури Эрон ба баҳрабардорӣ расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин бемористон, ки бо зербинои 52 ҳазор метри мураббаъ дар 9 табақа эҳдос шуда, бузургтарин тарҳи бемористонист, ки баъд аз инқилоби исломии соли 1979 дар Эрон сохта шудааст.

Раисҷумҳури Эрон дар маросими ифтитоҳи бемористони 610 тахтихобии имом ризо (а) дар Машҳад гуфт, бояд талош кард, мардуми Эрон дар камтарин замон бокайфияттарин хадамоти дармониро дарёфт кунанд .

Рӯҳонӣ ҳамчунин ба таҷҳизоти пешрафтаи бемористони тозатаъсиси Машҳад ишора карду гуфт: Камтар бемористони давлатӣ дар Эрон бо ин зебоӣ ва таҷҳизот, такмил шудааст .

Бемористони 610 тахтихобии имом Ризо (а) пешрафтатарин маркази дармонии шаҳри Машҳад маҳсуб мешавад ва яке аз вижагиҳои он ҷазби “гардишгари саломат” аст .

Дар ин бемористон илова бар бахшҳои мухталиф, 29 утоқи амал дар назар гирифта шудааст, ки метавонад нақши вижае дар дармони беморони устони Хуросони Разавӣ, дигари шаҳрҳои Эрон ва кишварҳои ҳамсоя дошта бошад .