Март 09, 2017 11:36 Asia/Dushanbe
  • Маҷлиси хубрагони раҳбарии Эрон
    Маҷлиси хубрагони раҳбарии Эрон

Дуввумин иҷлоси расмии панҷумин давраи Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ, ки аз рӯзи сешанбе оғоз шуда буд, шомгоҳи чаҳоршанбе дар Теҳрон, бо қироати баёнияе ба кори худ поён дод.

Намояндагони Маҷлиси хубрагон дар ин баёния, бар инқилобӣ будан ва инқилобӣ амалкрдани ин ниҳоди таъсиргузор, бо иттико ба пуштивонаи имон ва мардумсолории динӣ, таъкид карданд.

Аъзои Маҷлиси хубрагон аз миллати басири Эрон, ки бори дигар дар оғози 39-умин солгарди пирӯзии Инқилоби исломӣ, муқтадирона ва бо ваҳдати тамом, посухи иқдомот ва таҳдидоти Амрикои ҷинояткорро дар роҳпаймоии 22 баҳман (10 феврал) доданд, қадрдонӣ карданд.

Дар ин баёния ҳамчунин таъкид шуд. масъалаи муҳим ва дағдағаи ҷиддии ҷаҳони Ислом, масъалаи Фаластин ва андӯҳи ҷонкоҳи мардуми сабур, бурдбор ва муқовими ин кишвар аст ва қиссаи пурғуссаи Фаластин, виҷдони мусулмонон ва тамоми озодихоҳони оламро мутаассир кардааст.

Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ дар баёния худ, истикбори ҷаҳонӣ ва дар раъси он Амрико ва режими саҳюнистиро масъули аслии иқдомоти ваҳшёна ва ғайри инсонӣ ва тақвияти гурӯҳҳои такфирӣ ва террористӣ дар минтақа ба вижа Яман, Сурия, Ироқ ва Баҳрайн донист ва афзуд, виҷдонҳои бедори байналмилалӣ, давлатҳои исломӣ ва ҷавомеъи мусулмон, бояд иқдомоти амалӣ ва қотеъ дар баробари ин ҷиноёт дошта бошанд.

Аъзои Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ имрӯз (панҷшанбе) ба дидори ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-Раҳбари инқилоби исломӣ мераванд.

 

Барчасп