Талоши Эрон барои густариши забону адабиёти форсӣ дар ҷаҳон
(last modified Sat, 06 Aug 2016 09:54:55 GMT )
Август 06, 2016 14:54 Asia/Dushanbe
  • Талоши Эрон барои густариши забону адабиёти форсӣ дар ҷаҳон

Вазорати умури хориҷии Эрон аз талошҳои роҳбурдии ин вазорат барои густариши забону адабиёти форсӣ дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон хабар дод.

Муртазои Покдоман, муовини пажуҳишии Маркази омӯзиш ва пажуҳишҳои байналмилалии Вазорати умури хориҷии Эрон имрӯз  дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, бо ҳаракати мунсаҷим ва миллӣ метавон забону адабиёти форсиро дар кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Эрон эҳё кард ва густариш дод. Ӯ афзуд, иқдомоти хубе дар дасти иҷро аст, то курсҳои забони форсӣ дар донишгоҳҳои мухталифи ҷаҳон густариш ёбад ва забономӯзон бо сафар ба Эрон аз наздик бо фарҳангу тамаддуни эронӣ ва адабиёти форсӣ ошно шаванд.

Дар ҳамин ҳол, 83-юмин давраи донишафзоии забону адабиёти форсӣ низ бо ҳузури 200 забономӯз аз 40 кишвари ҷаҳон дар Теҳрон дар ҳоли баргузорист. Ба гуфтаи Ҳаддоди Одил, раиси Бунёди Саъдӣ, ширкаткунандагон дар ин давра маҳоратҳои забономӯзӣ, хондан, навиштан, шунидан ва сухан гуфтан ба забони форсиро омӯзиш мебинанд.

Раиси Бунёди Саъдӣ бо ишора ба истиқболи чашмгири алоқамандон ба ёдгирии забону адабиёти форсӣ дар кишварҳои мухталиф барои ҳузур дар ин давраҳо афзуд, меҳмононе аз кишварҳои Покистон, Тоҷикистон, Ҳинд, Англия, Фаронса, Олмон, Маҷористон, Лаҳистон, Колумбия, Аргентина, Тунис, Алҷазоир, Австралия, Амрико ва Чин дар ин давра ширкат кардаанд.

Ҳадоди Одил гуфт, масъули интихоб, муаррифӣ ва эъзоми форсиомӯзон ба Эрон ба уҳдаи Ройзании фарҳангӣ ва Хонаҳои фарҳангии Эрон дар кишварҳои мухталиф аст ва афроде, ки дар давраи донишафзоии забону адабиёти форсӣ ширкат кардаанд, ошноии муқаддамотӣ бо забон форсӣ доранд ва ё дар ҳоли омӯзишу тадриси форсӣ дар кишварҳои худ ҳастанд.