Даргузашти таронасароии номии Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i14632-Даргузашти_таронасароии_номии_Эрон
Афшини Ядуллоҳӣ, таронасарои номдори эронӣ имрӯз дар паи як сониҳаи ронандагӣ ҷони худро аз даст дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 15, 2017 13:47 Asia/Dushanbe

Афшини Ядуллоҳӣ, таронасарои номдори эронӣ имрӯз дар паи як сониҳаи ронандагӣ ҷони худро аз даст дод.

Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симо, Афшини Ядуллоҳӣ, шоир ва таронасарои номдори эронӣ, ки шаби гузашта бар асари сониҳаи ронандагӣ ба шиддат маҷруҳ шуда буд, имрӯз дар синни 48 солагӣ дар бемористон дори фониро видоъ гуфт .

Дар ин ҳодиса мошини марҳум Афшини Ядуллоҳӣ дар масири шаҳри Ҳаштгард ба Теҳрон бо як дастгоҳ мошини боркаш бархурд кард.

Афшини Ядуллоҳӣ, шоир ва таронасарои эронӣ аҳли шаҳри Исфаҳон ва пизишки мутахассиси аъсобу равон буд.

Таронаи “Шаби даҳум”-ро бо шеъре аз зиндаёд Афшини Ядуллоҳӣ ва садои Алиризо Қурбонӣ мешунавед.