Март 15, 2017 17:51 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Сиёсати иқтисоди муқовиматӣ то расидан ба ҳамаи аҳдоф идома дорад

Раисҷумҳури исломии Эрон, гомҳои давлатро дар чорчуби иқтисоди муқовиматӣ ва бо ҳадафи тақвияти зерсохти иқтисодӣ ва тавлидии Эрон мусбат донист.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар ҳошияи охирин ҷаласаи ҳайъати давлат дар соли 1395, дар ҷамъи хабарнигорон афзуд: Дар соли ҷорӣ (1395) дар заминаи зерсохтҳои иқтисодӣ ва тавлидӣ, ҳаракатҳои бисёр мусбате дар Эрон анҷом шуд.

Рӯҳонӣ тасреҳ кард: Эҷоди амният, пешбурди барномаҳои иқтисодӣ, худкафоӣ дар гандум, ҷуброни ақибмондагиҳои гузашта дар заминаи энержӣ, рушди муносиб дар заминаи маводи ғизоӣ, кишоварзӣ, ҳамлу нақли рейлӣ, ҷоддаӣ, ҳавоӣ ва санъати гардишгарӣ ва ҳамчунин ифтитоҳи садҳо ва нерӯгоҳҳои ҷадид аз муҳимтарин иқдомоти давлати Эрон дар соли 1395 буд .

Вай ҳамчунин коҳиши иттико ба нафт ва такя бар молиёт дар буҷети соли 95 ба даст овардани ҷойгоҳи гузашта дар содироти нафт ва ҳалли мушкилот дар ҳавзаи ҳамлу нақлро аз ҷумлаи иқдомоти давлати Эрон дар ростои иҷрои сиёсатҳои иқтисоди муқовиматӣ баршумурд.

Раисҷумҳури Эрон бо баёни инки мардуми Эрон ҳамвора дар заминаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар канори давлат будаанд, таъкид кард: Бояд бо талоши бештар дар ҳамаи бахшҳо бавижа иқтисодӣ, Эрон ба муваффақият, рушд ва шукуфоӣ бирасад .

 

Барчасп