Таҳримҳои Амрико зидди Эрон натиҷаи баръакс дорад
-
Зариф режими саҳюнистиро бузургтарин таҳдиди ҳастаӣ барои минтақа ва ҷаҳон донист
Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, эъмоли таҳримҳои Амрико зидди Эрон дар буъди сиёсӣ ва иқтисодӣ барои онҳо натиҷае комилан маъкус хоҳад дошт.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизионии “ал-Маёдин” бо бефоида донистани таҳримҳои таҳмилии Амрико алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон афзуд: “Омиле, ки муҷиб шуд Амрико дар қолаби гурӯҳи 5+1 дар музокироти ҳастаӣ бо Эрон ширкат кунад, ростиозмоии Эрон набудааст, балки онҳо дар давраи Барак Абама ҳама гузинаҳоро озмоиш карда буданд”.
Зариф изҳор дошт, таҳримҳои Амрико на танҳо таъсири иқтисодӣ бар Эрон надошт, балки дар арсаи сиёсӣ низ бетаъсир буд ва дар пайи ин таҳримҳо Эрон тавонмандии худро дар барномаи ҳастаии сулҳомез тақвият кард.
Вай бо ишора ба монеатарошии ошкори режими саҳюнистӣ ва Арабистони Саудӣ дар масири музокироти ҳастаии Эрон бо гурӯҳи 5+1 таъкид кард, пас аз поёни музокироти ҳастаӣ дар июли 2015 низ ин ду режим талош карданд бо нуфуз аз тариқи Конгресси Амрико ва дигар каналҳо, аз иҷрои ин тавофуқ ҷилавгирӣ ва ё онро маҳдуд кунанд, аммо муваффақ нашуданд.
Раиси дастгоҳи дипломатии Эрон ҳамчунин режими саҳюнистиро бузургтарин таҳдиди ҳастаӣ барои минтақа ва ҷаҳон донист ва гуфт, режими Исроил ба унвони ноқизи ҳуқуқи фаластиниҳо ва бузургтарин таҳдиди ҳастаии ҷаҳон, то кунун иқдомоти хасмона зидди ҳамаи миллатҳои минтақа, аз ҷумла Лубнон, Фаластин, Урдун, Сурия ва ҳатто Миср муртакиб шудааст.