Март 20, 2017 18:18 Asia/Dushanbe
  • Таҷлил аз Наврӯз дар ҳарами Имом Ризо (а), Бақои мутабаррика, Гулзори шуҳадо ва дар саросари Эрони исломӣ бо ҳузури пуршӯри мардуми Эрон дар ҳоли баргузорӣ аст.
    Таҷлил аз Наврӯз дар ҳарами Имом Ризо (а), Бақои мутабаррика, Гулзори шуҳадо ва дар саросари Эрони исломӣ бо ҳузури пуршӯри мардуми Эрон дар ҳоли баргузорӣ аст.

Садҳо ҳазор эронӣ соли навро дар ҷавори боргоҳҳои малакутии ҳазрати Имом Ризо (а) ва хоҳари гиромиашон - ҳазрати Фотимаи Маъсума (с) дар шаҳрҳои Машҳаду Қум оғоз карданд.

Маросими вижаи соли нави 1396-и ҳиҷрии шамсӣ аз субҳи имрӯз- душанбе бо тиловати Қуръони карим ва суханронӣ дар боргоҳҳои муқаддаси Имом Ризо (а) ва ҳазрати Фотимаи Маъсума (с) дар шаҳрҳои муқаддаси Машҳаду Қум оғоз шуд .

 Гурӯҳи азими мардуми Машҳаду Қум ва ҳамчунин зоироне зиёде, ки аз шаҳрҳои дуру наздики Эрон ба ин ду шаҳр омадаанд то дар лаҳзаи таҳвили сол дар фазои маънавии ҳарамҳои мутаҳҳари ҳазрати Имом Ризо (а) ва хоҳари гиромияшон- ҳазрати Фотимаи Маъсума (с) ҳузур ёбанд, ба ҳадде буд, ки илова бар ҳарами мутаҳҳар, саҳнҳо, равоқҳо ва хиёбонҳои атроф низ пур аз ҷамъият буд.

 Ҳарами мутаҳҳари Имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори Ҷумҳурии исломии Эрон дар Теҳрон низ ба муносибати оғози соли нави ҳиҷрии шамсӣ шоҳиди ҳузури хонаводаҳои эронӣ аст.

Дар ҳамин ҳол мардуми вилоятмадори шаҳри Шероз ва устони Форс, дар ҷануби Эрон ва мусофирони наврӯзӣ, оғози соли нави худро дар ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Аҳмад бин Мӯсо, Шоҳчароғ (а), бародари Имом Ризо (а) баргузор мекунанд.

Назири ин маросим дар масҷиди муқаддаси Ҷамкарони Қум, Бақои мутабаррика ва Гулзори шуҳадо, дар саросари Эрони исломӣ бо ҳузури пуршӯри мардуми Эрон дар ҳоли баргузорӣ аст.