Тағйири замони соати расмии Эрон
Март 21, 2017 15:12 Asia/Dushanbe
Соати расмии Эрон аз имшаб (сешанбе) як соат ҷилав кашида мешавад.
Багузориши шабакаи Хабар, бар асоси “Қонуни тағйири соати расмии Эрон” мусавваби соли 1386 шамсии Маҷлиси Шӯрои исломӣ, соати расмии Эрон дар соати 24 аввали фарвардинмоҳ (21 март) ҳарсол, як соат ба ҷилав кашида мешавад ва дар соати 24 рӯзи сиюми шаҳривармоҳ (22 сентябр) ба вазъияти собиқ баргардонда мешавад.
Кишвари Эрон дар арзҳои ҷуғрофиёии миёнӣ, воқеъ шуда ва тағйирот тӯли шабонарӯз дар тӯли сол қобили таваҷҷуҳ аст, ба ҳамин иллат ва барои истифодаи бештар аз рӯшноии рӯз, дар фаслҳои баҳор ва тобистон соати расмиро 1 соат ба ҷилав мекашанд.