Зариф: Эрон омодаи бозгашт ба шароити қабл аз БАРҶОМ аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i14812-Зариф_Эрон_омодаи_бозгашт_ба_шароити_қабл_аз_БАРҶОМ_аст
Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон хотирнишон кард, ҳамонгуна, ки Раҳбари муаззами инқилоб фармуданд, Эрон бар аҳди худ пойбанд аст ва аҳдшиканӣ намекунад, аммо агар Амрико бадаҳдии худро ба ҳадде бирасонад, ки идомаи БАРҶОМ бар хилофи манофеъи миллии эрониён бошад, Эрон омодагии бозгашт ба шароити қабл аз БАРҶОМ-ро дорад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 21, 2017 16:15 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Эрон омодаи бозгашт ба шароити қабл аз БАРҶОМ аст

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон хотирнишон кард, ҳамонгуна, ки Раҳбари муаззами инқилоб фармуданд, Эрон бар аҳди худ пойбанд аст ва аҳдшиканӣ намекунад, аммо агар Амрико бадаҳдии худро ба ҳадде бирасонад, ки идомаи БАРҶОМ бар хилофи манофеъи миллии эрониён бошад, Эрон омодагии бозгашт ба шароити қабл аз БАРҶОМ-ро дорад.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф, душанбешаб дар Исфаҳон (маркази Эрон) гуфт, дар ду моҳи гузашта, дар пайи талош ва тавоноии болои донишмандони ҳастаии Эрон, Ҷумҳурии исломӣ тавонистааст пешрафтатарин сентрифугаи Эронро, ки дар замони тасвиби БАРҶОМ танҳо як назар буд, ба марҳалаи амалиётӣ бирасонад.

Зариф бо баён ин, ки ин сентрифугаҳо ҳудуди 20 баробари сентрифугаҳое, ки қаблан насб шуда буд, тавони ғанисозӣ доранд, тасреҳ кард, тадобире, ки Раҳбари муаззами инқилоб ва раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бавижа дар ҳавза энержии сулҳомези ҳастаӣ иттихоз кардаанд ин аст, ки шароит ба гунае  фароҳам шавад, то чунон чӣ рӯзе эҳсос шуд бо бадаҳдии тарафҳои муқобил, идомаи БАРҶОМ барои кишвар қобили тавҷеҳ нест, битавон натанҳо ба шароити гузашта, балки қавитар аз он бозгашт.

Зариф афзуд, ба рағми бадаҳдиҳои Амрико ҳанӯз думбол кардан, идома додан ва иҷрои комили БАРҶОМ, барои Ҷумҳурии Исломии Эрон қобили тавҷеҳ ва пайгирӣ аст.

Доналд Трамп,раисиҷумҳури ҷанҷолии Амрико, бар хилофи мавозеъи тарафҳои дигари БАРҶОМ (Англис, Фаронса, Олмон, Русия, Чин ва Иттиҳоди Аврупо) ҳамвора таъкид кардааст, БАРҶОМ бадтарин тавофуқе аст, ки то кунун дидааст.