Ҷаҳонгирӣ: Эрон ба зудӣ ба содиркунандаи бензин табдил мешавад
-
Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ: Эрон 40 миллиард доллар содироти коло ба дигар кишварҳои дунё доштааст.
Муовини аввали раиси ҷумҳури Эрон гуфт, Эрон аз содиркунандагони умдаи газойл аст ва ба зудӣ дар бензин низ ба содиркунанда табдил мешавад.
Ба гузориши ИРНА, Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ рӯзи сешанбе дар нишасти Шӯрои оби устони Кирмон (ҷануби шарқи Эрон) афзуд, дар давлати ёздаҳум тамаркуз бар рӯйи Порси ҷанубӣ аст ва мизони бардошти Эрон ва Қатар аз Порси ҷанубӣ баробар шуд ва дар соли 1396 мизони бардошти Эрон аз Порси ҷанубӣ бештар мешавад.
Муовини аввали раиси ҷумҳурии Эрон бо ишора ба рушди бисёр хуби кишвар дар бахшҳои санъату кишоварзӣ дар соли гузашта афзуд, соли 1395 бо тавваҷуҳи хоси давлат ба тавлиди гандум, беш аз 14 ҳазор миллиард тумон ба рустоиён пули гандум дода шуд.
Ҷаҳонгирӣ бо ишора ба ин ки Эрон 40 миллиард доллар содироти коло ба дигар кишварҳои дунё доштааст, гуфт: “содироти ғайринафтии Эрон дар соли 1396 афзоиш хоҳад ёфт”.