“Дуздони мусаллаҳ ва ҷоҳили амрикоӣ” дар Халиҷи Форс
(last modified Thu, 30 Mar 2017 14:20:56 GMT )
Март 30, 2017 19:20 Asia/Dushanbe
  • Нови ҳавопаймобари амрикоӣ дар Халиҷи Форс
    Нови ҳавопаймобари амрикоӣ дар Халиҷи Форс

Вазири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар вокуниш ба иддаоҳои танишзои артиши Амрико, низомиёни амрикоии ҳозир дар Халиҷи Форсро “дуздони мусаллаҳ ва ҷоҳил” тавсиф кард.

Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симои Эрон, сардор сартип Ҳусайни Деҳқон рӯзи панҷшанбе гуфт: “Оё пазируфтанӣ аст, ки дузди мусаллаҳи ҷоҳиле вориди хонаи касе шавад ва интизор дошта бошад, барои ӯ фарши қирмиз ҳам паҳн кунанд? Ин ҳам аз намунаҳои ҷоҳилияти модерни қарни бисту якум аст”.

Сардор сартип Деҳқон афзуд: “Амрикоиҳо дар Халиҷи Форс чи кор доранд? Онҳо беҳтар аст, аз ин минтақа хориҷ шаванд ва барои кишварҳои минтақа эҷоди музоҳимат накунанд”.

Ҷозеф Вотелл, фармондеҳи ситоди фармондеҳии марказии Амрико рӯзи чаҳоршанбе дар кумитаи нерӯҳои мусаллаҳи маҷлиси намояндагони ин кишвар иддао кард, шиноварҳои эронӣ дар обҳои байналмилалӣ бо рафторҳои ғайриҳирфаӣ музоҳиматҳое барои нерӯи дарёии Амрико эҷод кардаанд.

Иддаои зидди эронии фармондеҳи ситоди фармондеҳии марказии Амрико дар шароите аст, ки як фарванд нови ҳавопаймобари амрикоӣ 21 март вориди обҳои Халиҷи Форс ва тангаи Ҳурмуз шудааст .