Вуқӯи 18 пасларза дар Хуросони Разавӣ
Пас аз вуқӯи заминларзаи шашриштерии субҳи чаҳоршанбе дар шаҳри Машҳад дар устони Хуросони Разавӣ (шимолу шарқи Эрон), 18 пасларза низ манотиқи мухталифи ин устонро ларзонд.
Зилзилае бо қудрати 6 риштер имрӯз чаҳоршанбе соати 10:39 дақиқа ба вақти маҳаллӣ манотиқе аз чанд ноҳияи Хуросони Разавиро дар марказ ва шарқи ин устон ларзонд.
Охирин пасларза ба бузургии 3,2 риштер дар Хуросони Разавӣ сабт шудааст.
Камтарин шиддати пасларза 3,2 ва бештарин шиддати пасларза 4,7 риштер будааст.
Пас аз вуқӯи зилзила дар Хуросони Разавӣ, гурӯҳҳои имдодӣ, арзёб ва имдоду наҷот ва чархболҳои Ҳилоли Аҳмар ба минтақа сафарбар шудаанд.
Муҳаммади Мақдурӣ муовини ҳамоҳангӣ ва умури умронии устондори Хуросони Разавӣ ҳам эълом кард: Заминларза дар минтақаи Сафедсанги Фаримон то кунун як кушта ва шуморе маҷрӯҳ дошта ва теъдоде аз рустоҳои минтақа зарар дидаанд.