Рӯҳонӣ: Амнияти ҳоким дар Эрон дастоварди инсиҷому эътимоди миллӣ аст
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, Эрон аз назари амният, оромишу субот ба маънои комили калима ва аз лиҳози умед ба оянда ҷузъи кишварҳои намунаи ҷаҳон аст.
Ҳасани Рӯҳонӣ дар нишаст бо ҷавонону нухбагони устони Симнони Эрон амнияту оромиши ҳокимро дар Эрон дастоварди инсиҷом, ваҳдати миллӣ, эътимоду умеди мардум ба оянда баршумурд. Ӯ гуфт, миллати Эрон нишон додааст, дар сояи талош, ваҳдату инсиҷом ва бо пайравӣ аз раҳнамудҳои Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ метавонад аз мушкилот ба хубӣ убур ва масири мутмаинеро барои пешрафту тараққии Эрон дунбол кунад. Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин бо ишора ба ду интихоботи пешорӯ дар Эрон (шӯроҳо ва риёсатҷумҳурӣ) гуфт, интихобот мояи истеҳкоми низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон аст ва асли интихоботу ҳузури мардум дар он бисёр муҳим аст.
Дувоздаҳумин даври интихоботи раёсатҷумҳурӣ ва панҷумин даври интихоботи шӯроҳои исломии шаҳру русто дар Эрон ба таври ҳамзамон рӯзи ҷумъа, 19 майи соли 2017 баргузор мешавад.